Субҳ садои гиряи фарзанди хурдиам маро аз хоб бедор намуду дилам гуп-гуп ба задан даромад, зеро раҳматии хушдоманам мегуфтанд, ки баробари бонги азон гиристани кӯдак хосияти хуб надорад ва гувоҳи он аст, ки бадбахтие ба сари аҳли оила меояд. Писарчаи нав ду моҳа шудаамро сина дода ором намудаму ба берун баромадам.
Рӯймоли духтари калониям Наргис дар руйи замини пеши айвон афтида буд. Хавотир шуда ба хонаи хобаш даромадам. Наргис дар ҷогаҳаш набуд. Хавотир шуда боз берун баромадам ва чанд бор Наргис гӯён фарёд задам, вале садое ба гӯшам нарасид. Диламро гургон тала карданд. Садҳо андешаи мағшуш майнаамро мехӯрд, тозон ба хона даромада Садбаргу Гулбаргро аз хоб бедор кардам ва куҷо шудани апаашонро пурсидам, вале ҳар ду духтарам китф дарҳам кашида надидем гуфтанд. Аз пеши чашмам гум шудани духтарро падараш фаҳмад, маро мекушад гуфта, ҷонҳавл ин сӯву он сӯро мекофтам, вале аз духтарам дарак набуд.
«Очаҷон, шаб апаам бо касе телефонӣ сӯҳбат карда, паст-паст гиря мекард» иқрор шуд Садбарг. Ин гапро шунида ҷон гӯё аз баданам баромад ва назди раиси маҳалла рафта, гум шудани духтарамро хабар додаму имдод пурсидам. Дараки духтардузро ёфтем, писари Файзуллои ҳамдеҳаамон сари духтарамро гаранг карда, ҳамроҳаш ба Русия бурдааст. Илоҷи дигар наёфта ба шавҳарам, ки дар Русия кор мекунад, занг задам ва буду шуди гапро гуфтам. Доду фарёд бардошт ва ману духтарамро дашномҳои болохонадор дода, телефонро хомӯш кард. Гирёну нолон ба хонаи Файзулло рафта, даъво намудам, ки чора бинанд. «Духтари амакашро келин карданӣ будем, вале писарам саркашӣ карда намегирам гуфт. «Ман ба бародарам даст додам» гуфта, шаби гузашта падараш писарамро хеле лату кӯб намуд.
Қаҳр карда баромада рафт бачам ва тамоми рӯз гум шуд. Хавотир будем, вале шом ба хона омад ва шоду хуррам ба ҳуҷраи хобаш даромад. Диламон ором гирифт, ки ақлаш ба сараш задааст, охир аз куҷо медонистем, ки вай духтари шуморо дӯст медорад ва аллакай билет гирифтаасту Наргисро дуздида мебарад, то бахташро аз даст надиҳад» гириста-гириста гуфт модари ошиқи духтарам ва зорӣ кард, ки ба милиса даъво накунем. Ваъда дод, ки баробари бар гаштани писараш ба хонаи мо хостгорӣ меоянд ва тӯю тамошо ороста, бо риояи тамоми расму русум Наргисро келин мекунанд.
Дубора ба падараш занг задам ва бо кӣ рафтани Наргису ваъдаи зани Файзуллоро расондам, вале шавҳарам «Наргис гуфтанӣ духтар надорам. Ба ман чунин фарзанд даркор нест» гуфта телефонашро хомӯш кард. Намедонам сарамро ба кадом гӯр занам, то аз бадномӣ паноҳ ёбам. Наргис, агар чашмат ба номаи модари зорат афтад, илтимос ба деҳа баргард, то бо тӯю тамошо туро ба дӯстдоштаат ба шавҳар дода, аз гапу клочаи мардум халос шавем!
Шамсия, аз деҳаи Дубедаи н. Турсунзода