Овозхон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Фарзонаи Файз дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе фарзанди навбатии худро ба дунё овард. Ин нуқтаро Таманнои Файз, хоҳари овозхон дар суҳбат бо хабарнигори “Оила” тасдиқ кард.
“Писарча таваллуд кард. Ҳоло 10-рӯза аст. Бинобар паҳн шудани COVID-19 дар ҳудуди кишвар ӯро ҳамроҳи кӯдакаш аз Душанбе ба Норак овардем, то дар шароити нисбатан амнтар зиндагӣ кунанд. Саломатиашон хуб аст. Вазъият ором шавад, худаш тариқи ҳафтаномаи “Оила” бо мухлисонаш сӯҳбат хоҳад кард”,-гуфт, Таманнои Файз. Хоҳари овозхон дар идома афзуд, ки Фарзона мунтазири ором шудани вазъ аст ва баъди аз байн рафтани “коронавирус” бо навгонӣ рӯйи саҳна хоҳад омад. Фарзонаи Файзро мардум аз филмҳои ватании коргардон ва рӯзноманигор Талабшо Муқимов “Беҳуда хорам мекунӣ” ва “Бедил” мешиносанд. Ӯ бо иҷрои нақши Нозанини деҳотӣ дили тамошобини тоҷикро тасхир карда тавонист ва исбот намуд, ки синамои тоҷик низ дар ҳоли рушд аст. Мо аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” ба Фарзона муваффақият дар касбу кораш ва ба тифли навзодаш саломативу умри дароз орзумандем. Дар шумораҳои баъдӣ суҳбати муфассали моро интизор бошед.