Сарнавишти талхи як зани тоҷик, ки
бо 3 фарзанд дар кӯча мондааст.
Ин зани тоҷикро зиндагии пур аз ранҷу азоб маҷбур кардааст, ки ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намояд.
Фарзона Муҳиддинова зодаи шаҳри Ваҳдат буда, ба гуфти худаш, шавҳараш ба бемории камақлӣ гирифтор аст, бар замми ин, духтарчаи калониаш низ эпилепсия дошта, дардаш тез-тез хурӯҷ мекунад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманаш Фарзонаро бо 3 фарзанди хурдсол аз хона пеш кардааст ва зани бечора намедонад сарашро ба кадом дар занад.
“Аз зиндагии пуразоб ҷонам ба лабам расид ва ба сару рӯям керосин пошида, худамро оташ задам, вале шояд ба хотири кӯдаконам худованд ҷони маро нагирифт”мегӯяд Фарзона, ки дар ба дари мардум сарсону саргардон буда, айни замон дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт иҷора мешинад.
Ба хотири пеш бурдани зиндагӣ Фарзона майдафурӯшӣ мекунад, аммо даромади ночизе, ки аз ин кор ба даст меорад, баъзан ҳатто барои пардохти маблағи иҷора ва обу барқ намерасад.
“Ҳоли кӯдаконамро дида, ҷигарам хун мешавад. Шабҳоро бо гиря саҳар мекунам, чунки фарзандонам нони сериро мебинанд ва аз хушиҳои айёми кӯдакӣ маҳруманд. Касе нест, ки дасти ману бачахоямро бигирад, падарашон зинда аст гуфта, ягон кас ба мо кӯмак намекунад, вале охир шавҳари ман ба бемории камақлӣ гирифтор ва худаш муҳтоҷи дигарон аст ва наметавонад мисли дигар падарон фарзандонашро таъмин намояд. Фикри маро не, фикри ҳамин 3 тифли бегуноҳро кунед, охир ин кӯдакон дар камақлии падар ва дасткӯтоҳии модарашон гуноҳе надоранд”-мегӯяд Фарзона бо ашкҳои шашқатор.
Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ нисбати тақдири Фарзона ва фарзандони зиндаятимаш бетараф намонда, барои ризои худованд ба ин зани тоҷик ва кӯдакони маъсуми ӯ дарди кӯмак дароз менамоянд, зеро бузургон фармудаанд:
Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз!
Шахсоне, ки ба Фарзона ва фарзандонаш ёрӣ расониданиянд, хайрияи худро ба кортҳои бонкии 5058 2703 0934 2235 (Хумо) ва 9762 0000 2811 8155 ( Корти миллӣ аз Душанбе-сити) гузаронанд ё ба рақамҳои 900-70-25-56 занг зада бо худи Фарзона ҳамсӯҳбат шаванд.