Муқаддам Негматова сокини шаҳри Хуҷанд буда, имрӯз тамоман дар кӯча мондааст. Ин зан соҳиби хонаву дари худ буд, вале баъди марги фарандонаш келинаш манзили ӯро аз худ намуда, ин зани меҳнатиро аз хона рондааст.
Баъди сарсониҳои зиёд ва иҷорахона ба иҷорахона гаштанҳо билохира бо кӯмаки ҳукумати шаҳри Хуҷанд ӯро дар хобгоҳи № 44 ҷойгир карданд, вале ҳуҷрааш аз чор девор иборат буда, ягон шароит зист надорад. Фарши ҳуҷра пӯсида қариб пурра фурӯ рафтааст ва ҳатто як палос ё қолини кӯҳна надорад, ки дар рӯяш бишинад. Хулоса, ин зан дар чунон шароити вазнине зиндагӣ мекунад, ки забон дар тасвираш оҷиз аст...
Сарнавишти талхи зани маъюб
Муқаддам Негматова маъюби гурӯҳи дуюм буда, бар замми беморӣ дар давоми се сол ду фарзанди баркамол ва шавҳарашро аз даст додааст. Ба қавле ғам болои ғам омада, ӯро он қадар сӯзонду сӯзонд, ки аз дарду алами беҳисоб оқибат ба микроинсулт гирифтор шуд. Тавре ки худи негматова мегӯяд, зинда монданаш аслан як мӯъҷиза аст, зеро барои як зани маъюб аз даст додани ду фарзанди баркамол ва шавҳар зарбаи сахтест, ки на ҳар кас тоқати бардоштанашро дорад.
Орзуи дар нимароҳ монда
Худи Муқаддам Негматова дар овони кӯдакӣ волидонашро аз даст дода, дар хона интернати Пахтакор ба воя расидааст. Ин ятимдухтар орзу дошт, ки ба мактаби олӣ дохил шуда, соҳиби маълумот ва касбу гардад. Мехост журналист шуда, мушкили дигаронро осон намояд, аз ҳамин хотир ба донишгоҳ дохил шуд, вале баъди шавҳар кардан вазъи оилавиаш душвор гашта, имконияти идома ддани таҳсилро наёфт.
Писари 22 солаю духтари 19 солаамро ба хок супурдам
Муқаддам ба тақдир тан дода, бо умед се фарзандро ба дунё овард.
“Орзуи хонда соҳиби касбу кор шудан дар дили худам нимкола монд, барои ҳамин ҳар се фарзандамро хононда соҳибилм мекунам гуфта будам, вале тақдири талх ин орзуямро низ ба хоки сиёҳ яксон кард. Писарам Дадоҷон ба соҳаи ҳарбӣ шавқ дошт ва 2 солу 8 моҳ дар сарҳад хизмат карда, сиҳату саломат баргашт, вале тақдирро бинед, ки баъди адои хизмат соли 2017 дар синни ҳамагӣ 19 солагӣ дар садамаи нақлиётӣ вафот кард. Вақте Дадаҷон аз аскарӣ омад, шукрона кардам, ки писарам хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ адо карда омад ва акнун ягон духтараки соҳибҷамолро ёфта, келин мекунаму бахти писарамро дида ормон мешиканам, аммо ба ҷойи ба тахти шоҳӣ шинонидан писаракамро ба зери хоки сиёҳ бурда гузоштем. Ҳанӯз оташи ғами марги ҷигарсӯзи паст нашуда, соли 2019 шавҳарам фавот карданд. Вақте зан такягоҳ, сутуни хонадон, шавҳарашро аз даст медиҳад, таҳаммулаш осон нест, вале ман ин ғамро ҳам паси сар карда, шукрона кардам. Тақдири бераҳм бо ин ҳам қаноат накарда, боз аждари марг дарамро кӯфт ва духтарам Мухбирахон, ки бемории модарзодии дил дошт дар синни 19 солагӣ ҷавонимарг шуд. Акнун худатон тавассур кунед, як зани маъюбе, ки се пораи ҷигараш пайи ҳам шикоф шудааст, чи рӯзу рӯзгоре дорад”-мегӯяд модари ғамзада бо чашмони пуроб.
Ҳамагӣ як писари беморам монду...
Аз се фарзанди Муқаддам танҳо як нафар-писараш Парвизҷон зинда мондаасту халос, вале ӯ низ гирифтори беморӣ буда, имкони ба модар ёрӣ расониданро надорад.
“Пештар дар микроноҳияи 19-ум хона доштем. Вақте ки писарам Парвизҷонро зан додем, келин ҳатто 5 моҳи расо низ бо писарам зиндагӣ накарда, хонаю дарро кашида гирифт. Ҳамин тавр мо дар кӯча мондем. Ман 22 сол дар беморхои дили вилоятӣ фаррош шуда кор кардам, то ки фарзандонамро бо нони ҳалол калон кунам. Барои содиқона ва софдилона кор карданам 8 бор ифтихорнома гирифтаам, вале дар қисматам ҳамин ғамҳои вазнин навишта шуда будааст, ки дар даврони пирӣ бе хонаву дар ва овораю ғамзадаю бемор шуда мондам. Ҳоло 11 беморӣ дорам, аз беғозӣ меъдаам язва шуда, ба касалии эпилепсия гирифтор шудаам”-мегӯяд ин зани ғамзада.
Муқаддам Негматова имрӯзҳо ҳатто барои хариди маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили орду равған ва картошкаю пиёз имконият надорад. Ин зани дармонда умедвор аст, ки мардум аз сари раҳму шафқат ба ӯ ва писари бемораш дасти кӯмак дароз мекунанд. Ҳадди ақал то шифо ёфтани ҳарду.
“Писарамро хунук задагӣ, ҳоло бемор аст. Бояд табобат кунем, лекин шароит нест. Худам барои ҳамин ягона фарзанди зинда мондаам тамоми қувватамро ҷамъ карда, дорумадор зиндагӣ дорам. Хулоса, се сол боз рӯзи моро саги сиёҳ надорад. Умедворам, ки раиси раиятпарвари шаҳри Хуҷанд ва маруми саховатпешааш мани маъюби сар то по дарду аламро дастгирӣ карда, дар ин рӯзҳои сахти умрам танҳо намегузоран”-меазояд Муқаддам Негматова.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин оила дасти кӯмак дароз намоянд, метавонанд ба Муқаддам Негматова бо рақамҳои зерин занг зананд: 92-99-40-99. Рақам бо корти Душанбе-сити пайваст аст.
Фарзона Муродӣ