Фотима Раҳмонова 56-сол дошта, аз ғами фарзанди маъюб, алами бехонагиву дар ба дарӣ ва зиндагии пуразоб ҷонаш ба лаб расидааст.
Шавҳараш ҳанӯз 13 сол пеш ба Русия мардикорӣ рафта, бе ному нишон гум шудааст. Ин зани бетолеъ чанд сол аз шиносу ношинос дар бораи падари фарзандонаш-Алӣ Гулов пурсуҷӯ карда бошад ҳам, натавонистааст зинда ё мурда будани шавҳарашро аниқ намояд.
Аз рӯйи гуфти худаш, аввалҳо апаи Фотима дар вазорати фарҳанг кор карда, дар хобгоҳ зиндагӣ мекардааст, вале ба хотири табобати духтари маъюбаш тамоми дороияшро фурӯхтаву бар замми ин, аз мардум қарзу қаволаи зиёде карда, ба гирдоби қарз меғӯтад ва ҳамин тавр овораву дар ба дар мешавад.
Чанд соли охир аз ночорӣ Фотима Раҳмонова ҳамроҳи ду духтараш, ки якеашон маъюб мебошад, дар маҳаллаи Шайнак (Шайнаки хукпарварӣ)-и ноҳияи Рӯдакӣ дар як бинои вайрона, ки замоне боғчаи бачагона будааст, зиндагӣ мекунад. Ҳамсояҳояш мегӯянд, шароити зисту зиндагии ин оилаи камбизоат бенихоят вазнин буда, рӯзҳое мешаванд, ки ҳатто нони хӯрдан намеёбанд.
Пештар апаи Фотима рӯзгорашро бо чойфурӯшӣ пеш бурда, ба гуфти худаш рӯзе 10-15 сомонӣ даромад ба даст меовардааст, вале ғами фарзанди маризу ҳаёти душвор ӯро ба беморӣ гирифтор намуда, дигар мадори боркашонӣ надорад. Дар бадали солиёни зиёд дари чандин идораҳоро кӯфта бошад ҳам, касе ба додаш нарасидааст.
Апаи Фотима мегӯяд, агар ақаллан як писар медошт, ҳамроҳи писараш ба Русия рафта, мардикорӣ мекард ва шояд соҳиби манзил мегашт, вале фарзандонаш ҳарду духтар ва бар замми ин, якеашон маъю асту имкони кор кардан надоранд. Онҳо ақаллан имконияти харидани як мошинаи дарздӯзиро надоранд, ки духтараш дар хона дӯзандагӣ карда, каме ҳам бошад, ба модар ёрӣ расонад.
Ин зани азияткашида бо умед ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат кардааст, ки шояд шахсони хайрхоҳу саховатманд ба хотири ризои Аллоҳ дасташро мегиранд.
“Ба ман бисёр не, як порча, ҳамагӣ як сотих замин диҳанд, кифоя аст. Худам лойдевор карда, як кулбача месозам, то ки ҷонам аз азоби дар ба дарӣ ва миннати мардум халос шавад” мегӯяд Фотима Раҳмонова бо чашмони гирён.
Шахсоне, ки ба апаи Фотима ва духтарони бе падараш ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии 9762 0000 2700 2897 (корти миллӣ аз Душанбе Сити) гузаронанд. Корт бо рақами 902-44-51-32 пайваст мебошад.
Шумо метавонед ҳамчунин ба рақамҳои 908-80-74-50 занг зада, бо худи Фотима Раҳмонова сӯҳбат намоед ва аз зиндагиаш воқиф гардед