Имшаб дар роҳи Душанбе-Чаннок аз километри 68 то 73 чор тарма фаромад. Ба минтақаи зикршуда фавран техникаҳои Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТ сафарбар гардида, тармаҳо саривақт тоза карда шудаанд.
Дар ин бора IRS дар саҳафи худ хабар додааст.
Дар хабар омадааст, ки давоми чанд рӯзи охир дар масири Душанбе - Чаноқ бориши барф пуршиддату давомдор мебошад.
“Дар робита ба ҳолати мазкур кормандони мо фаврӣ тадбирандешӣ намуданд ва айни замон ҳаракати муназзами автомобилҳо таъмин аст”-менависад манбаъ.
Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор, бе мамоният идома дорад.