Ба як донишҷӯи курси чоруми факултаи баҳисобгирии иқтисодӣ ва мусоҳиботи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон хавфи хориҷ шудан аз донишгоҳ таҳдид менамояд.
Сабаби моҷаро бо мошини шахсиаш Hyundai Sanata ба дарс омадани донишҷӯ будааст.
Тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ ва фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мошин ба дарс омадани донишҷӯён қатъиян манъ карда шудааст, вале аксари донишҷӯён инро нодида гирифта, мошинсавор ба дарс меоянд.
Фарҳод Исматов, донишҷӯи соли чоруми факултаи баҳисобгарии иқтисодӣ ва муҳосиботи Донишгоҳи Миллии Тоҷикисон низ аз зумраи ҳамин тоифаи ҷавонон буда, рӯзи 2- уми феврал ҳангоми гузаронидани рейди навбатӣ оид ба пешгирии чунин қонуншиканиҳо боздошт шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати қабули қарори дахлдор аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои лозима тартиб дода шуда, ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ҳамзамон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Тибқи муқаррарот дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯ ба муҳлати 3-сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад ва акнун ба ин донишҷӯи мошиндӯст хавфи дар соли охири таҳсил хориҷ шудан аз донишгоҳ таҳдид менамояд.