Arzon march 2024
ФАРИДУН БОРИ СЕЮМ ПАДАР ШУД
5664

Фаридуни Хуршед, овозхони маъруфи эстрада ва попи тоҷик хабар додааст, ки боз падар шуд. Ӯ дар саҳифаи Инстаграми худ навишт, ки имрӯз - 22 июл соҳиби писардор гардид.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", -навиштааст сароянда. Дар шабакаи иҷтимоӣ беш аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро муоракбод гуфтаанд.

Фаридун охирҳои моҳи июли соли 2019 бори сеюм издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи ӯ хоксорона ва бе иштироки сарояндаҳои машҳур баргузор гардид. Феълан, кӣ будани ҳамсараш равшан нест.

Оилаи дуюми ӯ овозхони маъруф Фарзонаи Хуршед буд, аммо аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Зиндагии якҷояи ин ду тан 3 сол идома ёфт. Маросими оиладоршавии ин ду ҳунарманд пурсарусадо ва пурҳангома буд. Хабари ҷудо шудани ин ситораҳо низ ҳангомаҳои зиёдеро ба бор овард.

Пештар расонаҳо овозаеро паҳн карданд, ки гӯё маҳз Фарзона боиси «хонавайрон” шудани Фаридун, яъне ҷудо шудани ӯ аз ҳамсари аввалаш шудааст. Фарзона инро дар суҳбаташ дар барномаи интернетии “Аз дил ба дил” – и маҷаллаи “Зан ва мард” беасос номид.

Фарзона дар ин суҳбаташ гуфта буд: «Дар ҳаёти ҳар як нафар каси сеюм дар ҳақиқат зиёдатист. Аз дигарон мешунавам, ки гӯё зиндагии Фаридунро ман вайрон карда бошам. Дар асл ин тавр нест. Ман на иҷоза медиҳам, ки як кас дар ҳаёти ман қӯш шавад ва ман ба худам ҳам иҷозат намедиҳам, ки ба ҳаёти касе дахолат кунам.”

Шакли комили барномаи «Аз дил ба дил” бо Фарзонаи Хуршед ҳанӯз нашр нашудааст. Дар Интернет то имрӯз танҳо пораҳое аз ин барнома роҳ ёфтаанд.

Фарзонаи Хуршед соли 2014 бо Фаридун издивоҷ кард. Соли 2015 онҳо соҳиби духтар ва 17 августи соли 2016 соҳиби писар шуданд бо номи Муҳаммад. Дар соли 2015 Фарзона ва Фаридунро барои баргузории маросими гаҳворабандони духтарашон Закия масъулони танзими расму ойин 4000 сомонӣ ҷарима ҳам бастанд.

Фаридуни Хуршед 19 декабри соли 1990 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи бастакор таваллуд шудааст. Ӯ дар кӯдакӣ Фаррух ном дошт. Аз хурдӣ ба мусиқӣ машғул буд ва бо фортепиано ва гитара мусиқӣ менавозад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи иқтисодӣ таҳсил кардааст. Соли 2013 суруди «Э Мануелла»-ро бозхонӣ карда буд, ки ин боиси маъруфи ӯ дар Тоҷикистон ва Россия гашт.

Соли 2014 клипҳояш бо номҳои «Мерасад», «Ғами дил» сабт шуданд. Соли 2014 Фаридун бо гирифтани ҷоизаи «Big Apple Music Awards» дар шаҳри Ню Йорки ИМА, дар номинатсияи «Кушодашавии сол» сазовор гардида буд. Пас аз як сол боз Фаридунро барои гирифтани ин ҷоизаи амрикоӣ, ки аввалинбор дар Аврупо, шаҳри Гамбург баргузор гардид даъват карда буданд.

Ғайр аз баҳои ҳакамон дар ин мусобиқаи мусиқӣ боз шумораи дискҳои сабти мусиқӣ ва маъруфияти овозхон дар интернет, шумораи клипҳо дар You Tube низ ба инобат гирифта мешаванд. Дар ин мусобиқаи мусиқӣ поп - овозхонҳо аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қафқоз ва кишварҳои Шарқи Наздик ширкат мекунанд.

Фаридуни Хуршед соли 2015 ҷоизаи “Овозхони беҳтарини сол” -ро гирифт ва ҳамон сол дар шабакаи “Tamoshow” клипҳояш: «Шаби ҳиҷрон», «Ҳарфи дил», «Базми Арманӣ», «Тӯёна» ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамроҳи Фарзона дар мусобиқаи мусиқии «Big Apple Music Awards» иштирок карда, ҳарду соҳиби ҷоизаи овозхони беҳтарини сол дар Тоҷикистон гаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД