Ёсамин Давлатова, сарояндаи саршинос ва хеле маъруфи тоҷик аст, ки ҳоло дар кишвари мо ба хурду калон шинос аст. Ӯро дар Инстаграм зиёда аз 900 ҳазор ва дар Ютуб 160 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Сурудҳояшро миллионҳо нафар гӯш мекунанд, садҳо ҳазор нафар меписанданд ва садҳо нафар ҳамроҳаш ҳамовоз мешаванд.
Ёсамин Давлатова чанд муддат қабл ба саволҳои мухлисонаш посух гуфт. Аввалин саволе, ки буд ин “Ба онҳое,ки шуморо ғайбат мекунанд ва ба ҳунару пешравиатон бахилӣ доранд чӣ мегуед?” буд, ки Ёсамин чунин посух гуфт: “Ба онҳо мегӯям, ки ин дунё бисёр кӯтоҳ аст. Танҳо дар дили инсон бояд меҳр бошад.Худованд дили одамоне,ки сиёҳ аст соф гардонад. Шахсан ман ба душманонам меҳр дорам.”
Ҳамзамон дар мавриди он, ки дустдошта дорад ё не чунин ҷавоб дод: “Танҳо ишқ ба Худо дорам! Чун ки меҳре, ки Худо ба ман медиҳад касе дода наметавонад.
Инчунин ба саволи “Бо Қадами Қурбон ягон дуэт хонед” чун ин қайд намуд: Ганараш вазбин аст. Зурам намерасад ба ӯ. Бачаи мардак *Звезда* аст. Бо мо бе ҳеҷ чиз намехонад.”