Муҳорибаи Сталинград, ки аз тобистони соли 1942 то 2-юми феврали соли 1943 давом кард, яке аз хунинтарин набардҳо дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тамоми таърихи башарият буд.
Фатҳи ин шаҳр барои Гитлер аз он сабаб муҳим ба шумор мерафт, ки он сабаби канда шудани роҳҳои интиқоли бори Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷануби кишвар аз тариқи дарёи Волга мешуд. Ин буд, ки артиши шӯравӣ бо фашистон сахт муқовимат намуд. Пас аз чандин моҳи даргириҳои хунин, дар таърихи дуввуми феврали соли 1943 олмониҳо шикаст хӯрда 2500 афсари олирутба, ки 24 нафари онҳо генерал буданд, таслими артиши шӯравӣ шуданд.
Таърихнигорон менависанд, ки 1 миллиону 100 ҳазор тан аз сарбозони шӯравӣ барои дифоъ аз ин шаҳр ҷон бохта ё маҷруҳ беному нишон шуданд. Шумораи қурбониён аз ҳисоби мардуми оддӣ ва ғайринизомиён 400 ҳазор тахмин зада шудааст.
Дар қатори ҳазорон сарбози шӯравӣ, ки барои дифоъ аз ин шаҳр муқовимат карданд, садҳо тан аз фарзандони Тоҷикистон низ ширкат карданд. Аз ҷумла бобоям Пираков Ҳамад дар озод кардани Сталинград ва бархе аз шаҳрҳои Украина ва Белорусия ширкат кардааст. Медали «Барои шуҷоат»-ро, ба гуфтаи худораҳматии бобоям, ба хотири ширкат кардан дар шикасти муҳосираи Сталинград ба ӯ додаанд. Аз нақли падарам зиндаёд Султони Ҳамад ҳар панҷ сол пас аз номи вазири мудофиаи СССР ба бобоям як медал медодаанд. Медал барои 20-солагӣ, барои 25-солагӣ, барои 30-солагӣ, барои 35-солагӣ, барои 40-солагии … ғалаба бар Германияи фашистӣ.
“Ӯ дӯст намедошт, ки ордену медалҳои сершуморашро дар сари синааш овезон кунад, танҳо ҳамон ордену медалҳоеро дар сари сина кашол мекард, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз дар фронт ба ӯ дода буданд. Ва камзӯли медалҳояшро танҳо ҳамон як рӯз мепӯшид. Рӯзи 9-уми май, рӯзи Ғалаба.”
Падари бузургворам хотираҳояшро дар бораи падарашон ба ёд оварда навиштаанд:
“Аз он медалҳо ва ё орденҳо, ки ҳамеша дар камзӯлаш қатор часпонда шуда буданд, номи дутоаш дар ёдам мондааст. Медал «Барои шуҷоат» ( медаль «За отвагу») ва ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (орден «Великая Отечественная война») Як медал ё ордени дигар ҳам дошт, ки дар он акси Сталин ва навиштае ба ҳамин мазмун дошт: «Наше дело правое, мы победили», яъне «Кори мо ҳақ аст, мо ғалаба кардем». Ин медалро баъди он ки шахспарастии Сталинро солҳои шастуми асри гузашта маҳкум карданд, аз камзӯлаш гирифт. Ба модарам дод, ки пинҳонаш кунад. Падарам дар бораи ҷанг қиссаҳо гуфтанро чандон зиёд дӯст намедошт. Вале чун мо фарзандон зиёд исрор меварзидем, маҷбур мешуд, ки чизе бигӯяд. Қисса мекард, ки тобистони соли 1942 ӯро, ки ҳанӯз синни 20 солагиро пур накарда буд, аз ноҳияи Сангвори вилояти Ғарм дар қатори даҳхо нафар ҳамсолонаш ба ҷанг бурданд. Қаблан ба ҷанг бародари бузургаш, амаки Ятимро, бурда будаанд ва аз ӯ хатти сиёҳ омада будааст. Падарам ба ҷанги зидди лашкари Ҳитлер тирамоҳи ҳамон соли 1942 дар Сталингарад ворид шудааст. Ба қавли падарам фармондеҳии фронти онҳоро генерал Рокоссовский ба ӯҳда доштааст. Падарам дар озод кардани Сталинград ва бархе аз шаҳрҳои Украина ва Белорусия ширкат кардааст. Медали «Барои шуҷоат»-ро ба хотири ширкат кардан дар шикасти муҳосираи Сталинград ба ӯ додаанд. Ду маротиба сабук захмӣ мешавад ва баъди табобат ӯро тез ё ба қисми ҳарбияш ё ба қисми ҳарбии дигаре мегузаронанд. Дафъаи саввум 18-апрели соли 1945 дар наздикиҳои шаҳри Берлин, пойтахти Германияи ҳамонвақта ҳангоми ҳамла барои гирифтани Берлин аз ноҳияи китф, пушт ва пои росташ шадидан ярадор мешавад. Ӯро ба ақибгоҳ ба шаҳри Чкаловск барои табобат мефиристанд. Хабари ғалаба бар Германияи фашистиро маҳз дар ҳамин шифохонаи низомӣ мешунавад. Баъди ду ё се моҳи табобат дар он ҷо шифои комил меёбад ва ӯро аз аскарӣ ҷавоб медиҳанд...”
Бобоям 31-январи соли 1991 бар асари кафидани раги хун дар майна (инсулт) дар синни 69-солагӣ вафот карданд.
Дар ин рӯзи мубораки Ғалаба бар фашизми олмонӣ пеши Худованди бузург дуъо мекунем, ки тамоми шуҳадои Ҷанги Бузурги Ватаниро, хусусан падару бобоёни моро, ки барои озодиву истиқлоли Ватанамон ҷонбозиҳо кардаанд ва инчунин шуҳадои ҷанги шаҳрвандиро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бигардонад ва бозмондаҳои онҳоро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад.
Ба он иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки феълан дар қайди ҳаёт ҳастанд ва мутаассифона, сафашон рӯз то рӯз кам мешавад, умри бардавом, саломатӣ, хушбахтиҳо дар зиндагӣ орзу мекунем.
Бознашр аз сомонаи “Рӯзгор”