Arzon march 2024
Эда Эдҷе “Муҳаббати мамнуъ”-ро тарк мекунад?
02.07.2022
НОДИРА
1006

 

Ману модарам мухлиси ашаддии силсилафилмҳои туркӣ ҳастем. Айни замон силсилафилми “Муҳаббати мамнуъ”-ро тамошо дорем.

Азбаски ба ҳаёту фаъолияти ҳунармандони турк таваҷҷуҳи хоса дорам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ як хабарро хонда, мутаассир гаштам. Дар ин хабар гуфта мешуд, ки Эда дар фасли 6-уми силсилафилм нақш намебозад ва фаъолияти худро дар филми мазкур қатъ намудааст. Хабари шунидаи ман рост бошад?
Зарина.

Посух
Вақте ки силсилафилми “Муҳаббати мамнуъ” фасли 5-умашро ҷамъбаст намуд, иҷрокунандаи нақши асосии филми мазкур Эда Эдҷе дарҳол ба Италия парвоз намуд. Аксҳои ин бонуи ҳунар ҳангоми истироҳаташ дар ин кишвари афсонавӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, боиси сару садоҳои зиёде гаштааст. Эда ба суолҳои бешумори мухлисонаш оиди он ки оё дар фасли 6-уми филми “Муҳаббати мамнуъ” (Запретный плод) нақш мебозад ё не, чунин посух гуфтааст: «Ман сериалро тарк накардаам, роҳбарамон ба мо истироҳати якмоҳа доданд. Худо хоҳад, баъди як моҳ сабти филми мазкур давом меёбад”.
Ин бонуи ҳунар яке аз мушкилоти касби актёриро дар ҳамин медонад, ки нафарони шинохтаву машҳур ҳаёти шахсии худро аз чашми дигарон пинҳон карда наметавонанд. Азбаски мисоли дигар ҳунармандон маҷбур аст аз рӯи қоидаҳои нонавиштаи замони муосир амал намояд, ӯ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус дар саҳифаи “Инстаграмм”ҳамарӯза аксҳои нав ба нав мегузорад. Вале Эда ҳамеша кӯшиш мекунад, аксҳоеро, ки ҳамроҳи сагу гурбаҳояш гирифтааст, расонаӣ намояд ва ҳаёти шахсии худро аз чашми мухлисони кунҷкобаш пинҳон мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД