Ман Ориф, хонандаи фаъоли «Оила ҳастам! Мехоҳам мисли дигар мардон дарди диламро пешкаши хонандагон гардонам.
Ростӣ, ҳеҷ гоҳ гумон намекардам, ки мард дар зиндагӣ аз зан безор мегардад. Ман инро дар тӯли зиндагии худ дарёфтам. Ҳамсари ман як зани чалфас аст, ки аз чанд метр дурӣ ба ӯ наздик шудан имконнопазир аст. Борҳо гуфтаму мегӯям, ки танатро шуста, баъд ба ҷойгаҳ даро. Майлаш мегӯяду боз хастагияшро баҳона карда, дар наздам хоб меравад.
Чунон бӯи бад мекунад, ки дилам беҳузур мешавад. Дидам, ки намешавад, ба модарам буду шуди гапро гуфтам. Кампир табъи хираи маро дида, Саодатро наздаш даъват кард ва чунон сарзаниш намуд, ки ман ба ҷои Саодат мебудам, аз зан буданам шарм медоштам. Баъди суханони модарам занам кам-кам ба худаш аҳамият медодагӣ шуд. Чанд муддат бӯйи бадаш гум шуд. Азбаски фасли тобистон аст, дар деҳа ҳам кор бисёр мешавад. Ҳамсарамро ба духтур бурда, мувофиқи тавсияи табибон дорувориҳои лозимаро гирифтем. Аз байн чанд рӯз гузашту ҳамсарам боз чун рӯзҳои қаблӣ ба худаш аҳмият намедодагӣ шуд. Азм кардам, ки ба Русия мераваму дигар ёди Ватан намекунам.
Чунин ҳам шуд. Айни замон дар шаҳри Краснодари Русия кору фаъолият дорам. Аз рӯзе, ки ба муҳоҷират омадам, як бор ҳам бо ҳамсарам гап назадаам. Чунки мани босавод ва бо дипломи сурх донишгоҳро тамомкарда, ба хотири ӯ дар Тоҷикистон наистода, роҳи ғарибиро пеш гирифтам. Имрӯз тавассути "ОИЛА" ба модарам гуфтаниям:
“Оча, барои ман зани чалфасу бадбӯй даркор нест! Метавонед, ӯро аз хона пеш кунед ва нагузоред, ки дубора пояшро ба хонаатон гузорад. Ҳоло, ки фарзанд надорам, намехоҳам зиндагиямро маҷбуран бо Саодат давом диҳам. Ба шумо иҷозат медиҳам, ки ҳамсарамро аз хона ронед ва ҳамин, ки роҳҳо пурра кушода шуд, ба Ватан баргашта, бо духтари писанди дилам хонадор мешавам. Очаҷон, хоҳиш мекунам, то бозгашти ман Саодат дар хона набошад, агар ӯ он ҷо монад, маҷбурам, ки дигар ба хона барнагардам. Маро дуруст фаҳмед, очаҷон!
Бо эҳтиром: писаратон Аъзамҷон, аз Русия