arzon replenishment
Дутор ва рубоб: Ин ду асбоби мусиқӣ чӣ тавр сохта мешавад?
703

 

Дутор. Асбоби миллии қадимаи тоҷикон аст. Сохтани ин асбоби мусиқӣ душвор аст. Зеро нозукиҳои худро дорад ва агар ҷойеро хато насб кард, садои оҳанге ки аз дутор мебарояд, хуб намешавад.

Инро ҳунарманд Саттор Раҳмонов мегӯяд. Вай сокини 70 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ба сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ машғул аст. Ба гуфти Саттор Раҳмонов таърихи оғози омода намудани асбобҳои мусиқи дар мисоли дутор ва рубоб барояш тасодуфӣ буд.

Вай нақл мекунад, ки рӯзе бо дустонаш оиди сохтани дутор шарт гузошту бо ҳамин имрӯз ин ҳунар ба шавқи дустдоштааш табдил ёфтааст. Қаҳрамони мо ба ин кори пурмасъул аз соли 2015 оғоз намудааст.

Ӯ дар солҳои Шӯрави низ ба кудакон таълими мусиқӣ медод. Ҳоло вай асосан ба сохтани рубоб, соз, тор машғул аст. Имрӯз метавонад бе ягон мушкилӣ асбобҳои мусиқиро сохта барои хоҳишмандон пешниҳод мекунад.

Амаки Саттор мегуяд, ки барои сохтани як асбоби мусиқи заҳмати чанд моҳина лозим меояд. Зеро як хатогии кучак метавонад, ки садои асбоби мусиқиро вайрон созад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баробари қаҳрамони мо як сокини ҷамоати деҳоти Унҷӣ Мирзомансур Раҳматов низ ба ҳунари сохтани асбобҳои мусиқӣ машғул аст. Ӯ низ ин ҳунарро ҳамчун шуғли дӯстдошта омӯхтааст. Ҳоло дар хонааш ҳамаи таҷҳизотҳо барои сохтани асбобҳои мусиқиро дорад.

Ба гуфти ҳунарманд барои сохтани як асбоби мусиқи як моҳ баъзан то ду моҳ вақт сарф мешавад. Зеро гулкори ё худ зеб додани асбоби мусиқи меҳнати зиёдро талаб мекунад. Ороиши байни рубоб ва дутор аз устохонҳои ҳайвонҳо омода карда мешавад мегуяд ӯ.

Бино ба гуфтаи ин ҳунарманд дар муддати 7-рӯз низ рубоб ё дутор сохтан мумкин аст, аммо барои босифат омадани ин намуди асбоби мусиқӣ вақти зиёд лозим аст.

Рубобу танбуру дуторро ҳунармандон асосан аз дарахтони тут, зардолу чормағз сохта бо ороиш ва диди назари худ рангубор ва зеб медиҳанд. Қаҳрамонони мо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нозукиҳои сохтани асбобҳои мусиқиро ба бисёр шогирдон ва фарзанду набераҳо омӯзонидаанд. То оянда давомдиҳандаи ин ҳунари асил бошанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД