arzon replenishment
Душманонаш Озода Нурсаидоваро шарманда кардан мехостанд, вале...
1268

 Озода Нурсаидова овозхони машҳури Ӯзбекистон чанд рӯз дар кишвараш консерт гузошт. Ҷараёни консерт на танҳо ба мухлисони Ӯзбекистониаш, балки ба ҳаводорони тоҷикистониву қазоқистони ва туркиягиаш низ хеле писанд афтод.

Ӯ дар давоми консерт бо зиёда аз даҳ либос баромад намуд. Дар ҳар суруди хондааш ороиши саҳна дигаргун гашта, дар рӯйи саҳна клипҳои махсус гузошта шуд. Дар консерти Озода Нурсаидова овозхони машҳури тоҷик Зулайхо Мамадшоева низ ширкат карда, ҳамроҳ суруди тоҷикӣ хонданд. Озода Нурсаидва тайи чанд сол аз саҳна дур шуда буд, вале барнмаҳои консертҳои ӯ ҳамеша аз фарҳангдӯстон хеле гарм пазироӣ гашта, баҳои баланд мегиранд.

Баъди ба анҷом расидани консерт ин овозхони машҳури ӯзек дар як наври видеоӣ, ки дар ютуб паҳн карда шудааст, ба мухлисонаш муроҷиат карда мегӯяд:

"Ассалому алайкум мухлисони азиз! Мана рӯзи панҷум аст, ки мо дар Кохи Дӯстии халқҳо консерт гузоштем. Шукр, ки ҳамааш хуб гузашт. Аз пешвозгириҳои Шумо болидарӯҳ, мамнун ва миннатдорам."

Озода Нурсаидова дар идомаи навор чанд саргузашти аҷибро аз консерт қисса карда гуфтааст:

"Албатта дар давоми консерти имсола якчанд воқеа низ шуда гузашт. Қариб дар ҳар консертам бо ҳамин монанд воқеаҳо мегузарад. Намедонам дар саҳна кӣ ва бо кадом мақсад ба равған монанд, як чизи мое пошидааст, вале ба чунин воқеаҳо ман аллакай одат кардаам. Аз ҳама муҳимаш ин меҳру муҳаббати Шумо аст. Боқӣ ҳама гузаранда..."

Озода Нурсаидова 9-уми октябри соли 1974 дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ҳар суруди хондаи ин зебсанам бо мухлисони ӯзбекистониву тоҷикистониаш писанд меафтад, зеро Озода бо забони тоҷикӣ низ хеле зебо месарояд.

Абдуғаффор Шодиев

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД