Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки 14-уми октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 созишнома ба маблағи 333,5 миллион доллари амрикоӣ, дар соҳаи саноат 9 созишнома ба маблағи 386 миллион доллари амрикоӣ, Вазорати энергетика 5 созишнома ба маблағи 2,4 миллиард доллари амрикоӣ бо шарикони худ ба имзо расониданд. Ин санадҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла энергетика, саноат, инноватсия, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт нигаронида шудаанд.
Инчунин 4 созишномаи дигар дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расиданд, ки маблағи умумии онҳо 8,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.