sebiston july new
ДУО КУНЕД, КИ АЙШВАРИЯ БО ОИЛААШ СИҲАТ ШАВАД
2775

Ҳунарманди писандидаи миллилонҳо мухлис ва ситораи машҳури Болливуд Айшвария Рай мубталои бемории COVID-19 гардид, иттилоъ медиҳад 5-tv.ru дар истинод ба “Экономика сегодня”.

Бемории нави коронавирус қариб нисфи оилаи машҳури Ҳиндро сироят намуд. 2-рӯз қабл маълум гардид, ки Айшвария ва духтари 8-солааш Аарадхия барои санҷидани коронавирус аз тест гузаштанд ва натиҷаи ташхис мусбат баромад. Ӯ як рӯз пас аз оне, ки шавҳарии 44-солаи ӯ Абхишек Баччан ва хусури 77-солааш Амитабх Баччан бо бемории дар беморхона бистарӣ гардидаанд, барои муайян намудани мавҷудияти коронавирус дар организмаш аз тест гузашт.
Модару духтар ва аъзои боқимондаи оилаи Баччановҳо ба карантини хонагӣ фарогир шуданд.

Шавҳари Айшвария Абхишек Баччан дар саҳифаи Twitter-и худ навиштааст: “Ҳукуматдорони шаҳр аз вазъи дар оилаамон баамаломада огоҳанд ва кӯмак ҳам расонда истодаанд. Аъзои боқимондаи оилаамон, аз ҷумла модарам сиҳатанд. Ташаккур барои таманниёти сиҳатмандӣ ва дуои некатон. Ҳамроҳ бо падарам то сиҳат шавиамон дар беморхона дар зери назорати духтурон мемонем. Илтимос, эҳтиёт кунед ва дар хонаатон бимонед. Тавсияҳои пешгирӣ аз бемориро риоя намоед!”.

“Ман ва падарам ҳолати сабуки бемориро сипарӣ намуда истодаем. Ҳамаи аъзои оилаам аз тест гузашта истодаанд. Хоҳиш менамоям ором бошед ва ба таҳлука наафтед.”-афзуд Абхишек Баччан.
Айшвария Рай яке аз ҳунарманди машҳуртарини болливудудест, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Соли 1994 ӯ “Зебосанами ҷаҳон” гардид. Соли 2007 ӯ бо ҳунарманди машҳури дигари Ҳинд Абхишек Баччан оиладор шуда, 4-сол пас соҳиби духтарча гаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД