Нуринисо Додоҷонова дар шаҳри бостонии Истаравшан аз чеҳраҳои шинохта ва соҳибэҳтиром ба шумор меравад. Хоса аҳли эҷод ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ӯро хуб мешиносанд ва ба фаъолияти пурмаҳсулу хислатҳои некаш эҳтиром мегузоранд. Ин бонуи меҳнатқарин бо ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва ҷамъиятчигии худ дар миёни мардум соҳиби обрӯю эътибор гардидааст.
Нуринисо Додоҷонова 27 августи соли 1954 дар оилаи хизматчии ҳарбӣ таваллуд шуда, ба камол расидааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1971 дар рӯзномаи «Роҳи Коммунизм» (ҳоло «Паёми Истаравшан») оғоз кардааст. Аввал дар идораи рӯзнома ба ҳайси қабулкунандаи хабарҳо тавассути телетайп ба кор шурӯъ намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мусаҳҳеҳ, мудири шуъбаи мактубҳо ва ёрдамчии муҳосиб фаъолият кардааст.
Қаҳрамони мо соли 1978 техникуми савдои шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳосиб хатм намудааст. Сипас соли 1989 фаъолияташро ба ҳайси сармуҳосиби рӯзномаи «Паёми Истаравшан» идома дод. Солҳои тӯлонии фаъолияти меҳнатӣ ӯро бо муҳити эҷодӣ ва аҳли қалам пайванди ногусастанӣ бахшид. Тӯли беш аз панҷ даҳсола Нуринисо Додоҷонова дар паҳлуи аҳли эҷод фаъолият намуда, дар пешрафти кори рӯзнома саҳми арзанда гузоштааст.
Бо вуҷуди синну соли калон ва таҷрибаи фаровони корӣ, ӯро то имрӯз дар идораи рӯзномаи «Паёми Истаравшан» бо муҳаббат ва самимият «Духтари редаксия» меноманд. Ин унвон ба ӯ ба таври рамзӣ номи дуюм шудааст. Дар бораи фаъолияти пурҷӯшу хурӯш, меҳнатдӯстӣ ва нақши ӯ дар ҳаёти рӯзнома даҳҳо мақола ба нашр расидаанд.
Нуринисо Додоҷонова танҳо корманди техникӣ ва муҳосиби масъул набуда, балки ба эҷод низ пайваста машғул шудааст. Ӯ хабару мақолаҳои гуногун навишта, бо имзоҳои «Нуринисо», «Нурхон» ва «Нисо» дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ ба табъ расондааст. Мақолаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шуда, аз мушоҳидаи амиқи ҳаёти ҷомеа, муносибати ҷиддӣ ба масъалаҳои рӯз ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дарак медиҳанд.
Фаъолияти ҷамъиятии Нуринисо Додоҷонова низ қобили зикр аст. Ӯ ҳамчун бонуи ташаббускор, ташкилотчӣ ва масъулиятшинос дар ободонию созандагии маҳалла низ саҳми назаррас гузоштааст. Бо назардошти қобилияти ташкилотчигӣ ва таҷрибаи бойи корӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ӯро ба вазифаи раиси кумитаи маҳаллаи «Боғот» таъин намуд.
Пас аз ба зимма гирифтани ин масъулият Нуринисо Додоҷонова бо истифода аз неру, ташаббус ва дастгирии сокинон корҳои зиёди ободониро ба анҷом расонд. Бо саъю талоши ӯ ва аҳли маҳалла кӯчаҳо мумфарш ва чароғон гардида, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд. Симои маҳалла ба куллӣ тағйир ёфта, муҳити зисти сокинон боз ҳам ободу зебо гардид.
Натиҷаи чунин фаъолияти созанда ва ташаббусҳои пайваста буд, ки соли 2021 маҳаллаи «Боғот» дар озмуни вилоятии «Беҳтарин кӯча» сазовори ҷойи аввал гардид. Ин дастовард, пеш аз ҳама, самараи меҳнати дастаҷамъона ва фаъолияти ташкилотчигии шахсони масъул, аз ҷумла Нуринисо Додоҷонова мебошад.
Хизматҳои бисёрсолаи Нуринисо Додоҷонова дар соҳаи матбуот ва фаъолияти ҷамъиятӣ борҳо қадрдонӣ шудаанд. Ӯ бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар ҳаёти ҷамъиятӣ борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадрдонӣ шудааст.
Нуринисо Додоҷонова имрӯз низ бо ҳамон неру, масъулият ва муҳаббат ба касбу кори худ миёни аҳли эҷод қарор дорад. Зиндагии пуршараф ва фаъолияти беш аз панҷоҳсолаи ӯ намунаи хуби садоқат ба касб, меҳнатдӯстӣ, ташаббускорӣ ва хизмати содиқона ба ҷомеа мебошад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ