Бахти дуюм
Пас аз як ҳафтаи сӯҳбат бо кампири Моҳбону яке аз хешони дури модарам ба хостгорӣ омад. Амир шахси соҳибмансабу сарватманде буд, аммо фарзанд надошт. Ҳамсараш ба ӯ иҷозат додааст, ки зан гирад, модарам бисёр мехост ман аз деҳа берун шавҳар кунам ва хостгорони хешаш, ки дар маркази вилоят дар шаҳри ободу зебо зиндагӣ мекард, айни муддао буд. Амир ваъда дод,ки зани аввалашро талоу надода бошад ҳам, ӯ ба зиндагии мо дахолат намекунад ва хонаву дараш ҷудо аст. Амир тӯйи зебое ороста, маро мисли духтарон бо иззату икром ба хонааш бурд, зиндагиямон хуб оғоз ёфт. Хонаи дуошёнаи барҳаво, ҳавлию боғу роғ, шавҳарам аз рӯзи аввал гуфт, ки ба кор кардани ман зид аст. Ман акнун як зани хонашин будам ва кору бори ҳавлии калон бар душам. Пас аз ду моҳи тӯямон ман эҳсос кардам, ки дар батнам кӯдак пайдо шудааст ва Амир аз ин хабар сараш ба осмон расид ва гуфт:
-Дилоро, агар розӣ шавӣ, Рӯзигул омада, кам-кам ба корҳоят ёрӣ диҳад, вай зани хубест, бовар намо, ба зиндагии мо кордор намешавад.
Рӯзигул зани аввали шавҳарам буд,ки понздаҳ сол бо ҳам зиста фарзанддор нашуда буданд. Мани раҳмдил,ки аз модар шуданам сарам ба осмонҳо мерасид, розӣ шудам. Рӯзигул бо кулчаю кӯмоч, матоъҳои қимматбаҳо ба дидани ман омаду ҳамин тавр дигар нарафт….
Палонҷи меҳрубон
Даврони ҳомиладории ман хеле вазнин мегузашт ва Рӯзигул дар ин маврид ёригару маслиҳатчиям буд, ӯ намегузошт, ки ман дастамро ба оби хунук занам. Модару апаам ба хабаргириям омада, аз ин тавр ранг гирифтани зиндагиям камтар норизо буданд, вале ман онҳоро ором кардам, ки Рӯзигул барои ман ҳам модару ҳам хоҳар аст.
Пас аз гузаштани муҳлати ҳомиладорӣ ман ду писар таваллуд кардам, азбаски худам таваллуд карда натавонистам, кӯдаконро тариқи чоки қайсар гирифтанд. Чун ба худ омадам, дидам, ки Амир поёни поям нишаста асту бо ба ҳуш омадани ман пойҳоямро бӯсида, ба дидаҳояш мемолид. Бори аввал ба ин мард бо назари меҳр нигоҳ кардам ва ишқашро дар дилам ҷо намудам.
Умеду Орзу ниҳоят кӯдакони зебо буданд, Рӯзигул акнун ба дояи беминнати онҳо табдил ёфта буд. Ман ба ин зиндагии себурҷа одат карда будам ва ҳаққу ҳамсоя ҳам ҳаваси зиндагии моро мехӯрданд. Акнун Амир як шаб бо ман буду як шаб бо Рӯзигул, шабҳое, ки шавҳарам бо ман буд, Рӯзигул кӯдаконро бо худ мегирифт. Дилам ба ҳоли ин зан месӯхт ва гоҳе барои дилпурияш мегуфтам, “апа, Умед калон ки шуд, занаш медиҳем ва бо шумо зиндагӣ мекунад, Орзу бо мо”.
Дугоникҳоям яксола шуданду духтарам ба дунё омад ва бо хоҳиши Рӯзигул, Меҳрубон номаш ниҳодем, зиндагии мо хушу хуррам ва осуда идома дошт. Шавҳарам хонаҳои Рӯзигулро канда, онҷо ҳам хонаҳои дуошёнаи зебо ба номи Умед сохт, аммо беҳуда намегӯянд, ки мо нақша мекашему Худованд ба ҳоламон механдад…
Дили раҳмин ҳамеша ғамгин
Дугоникҳоям понздаҳ сол ва духтарам чордаҳ сол дошт, ки Амир бар асари сактаи қалб дунёро падруд гуфт. Бо се фарзанди ноболиғ миёни роҳ мондан осон набуд, намедонистам сарамро ба куҷо занам. Фарзандонам ба зиндагии серу пур одат карда буданду мероси мондаи падарашон то ба корӣ шуданашон албатта намерасид. Ман баъди додани маъракаҳои шавҳарам ба кор баромадам. Акнун шабу рӯз кор мекардам то фарзандонам аз чизе танқисӣ надошта бошанд, писаронам дар мактаб нағз мехонданд, фориғ аз таҳсил боғдорӣ мекарданд ва аз фурӯши сабзавоту мева даромади хубе ба даст меовардем. Танҳо духтарам нозпарварду эрка буду шабу рӯз бо очакалонаш, фарзандонам Рӯзигулро очакалон меномиданд. Агар ман ба рафтору гуфтораш эрод гирам, Худо зад, ҳамроҳам ҷанг мекарду мегуфт “ту очаи ман нестӣ!” Ростӣ, ба кору бор дода шуда, ба ин амалҳои духтарам он қадар аҳмият намедодам, Рӯзигул ҳам ҳоло кӯдак аст мегузарад гуфта, маро тасалло медод, аммо нагузашт…
Писаронам ба воя расиданд, онҳо донишгоҳро хатм карданду ҳар кадоме соҳиби ҷойи кор ҳам гаштанд. Онҳоро ба духтарҳои дӯстдоштаашон хонадор карда, келин фаровардам, дар ин айём Меҳрубон алаккай ду кӯдак дошт. Зеро ӯ хондан нахост ва ӯро ба писари бародари Рӯзигул хонадор кардем, духтарам умуман ба ман рӯйи хуш намедод ва ду рӯз дар хонаи шавҳар бошад, моҳҳо ҳамроҳи шавҳару кӯдаконаш дар хонаи очакалонаш буд. Дар урфият мегӯянд, ки «Агар рақибатро шикаст додан хоҳӣ, фарзандашро тарбия намо», палонҷи ман низ ҳамин хел кард. Пас аз овардани келинҳо ниқоби Рӯзигулу Меҳрубони номеҳрубон пурра афтид. Мо ҳам ҳақ дорем гуфта, ҳавлиро пурра ба номи Меҳрубон кардаанду он ҷо зиндагӣ доранд. Духтарам бо ману писаронам умуман гап намезанад, акаҳояш мегӯянд, ки “майлаш, ҳамон хонаву дар аз ту, мо даъво надорем. Ҳавлии калон аз сари мо зиёдатӣ мекунад, боз аз биноҳои навсохт хона гирифтему дастамон расад барои ту ҳам мегирем, ту фақат муносибататро бо модарамон нағз кун”, аммо ин духтар ҳеҷ бо мо рост нагирифт. Акнун модари биҳиштии фариштахисолам нест, ки сар ба доманаш монаму бигириям, ки рост мегуфтаӣ очаҷон, раҳмдилии бисёр хуб набудааст. Охир, ман ба палонҷам ғайри некӣ кори дигар накардаам, пас чаро ӯ муносибати ману духтараамро вайрон кард?! Боре дар рӯяш инро гуфтам ва ӯ сӯям теғ кашида нигоҳ карда гуфт:
- Ту инҳоро фақат зоидӣ, ман калон кардам, Худо гӯй, ки писаронат очаат мегӯянд!
Дили раҳмин ҳамеша ғамгин –мегуфт очаам, ин ҳақиқати зиндагӣ будааст!
Дилоро
Таснифи Дилошӯб