Commerc banl
Ду кӯдакро барои гадоӣ ва талбандагӣ аз волидонашон гирифта ба интернат доданд
105

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ду ноболиғи 12-соларо аз тарбияи волидонашон гирифта, ба мактаб-интернат супурдаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин ду кӯдак мунтазам ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғул буда, чандин маротиба ба шуъбаҳои пулис дастрас шудаанд ва волидонашон барои фарогирӣ ба таҳсилу тарбияи онҳо огоҳӣ гирифта будаанд.

“Волидайни ин ду наврас дар иҷрои уҳдадориҳои падару модарӣ саҳлангорӣ карда, кӯдакони хурдсолро ба оворагардӣ ва талбандагӣ водор сохта, маблағҳои аз ин роҳ бадастовардаро ба манфиати шахсии худ истифода мебурдаанд”,- навиштааст манбаъ.

Бо қарори Суди ноҳияи Сино ин ду кӯдак бар асоси моддаи 73-и Кодекси оила - бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ аз тарбияи волидонашон гирифта шуда, дар “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и пойтахт ба таълиму тарбия ҷалб гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД