Formula novemver 2024
Достони ишқ ва комёбиҳои як зани маъюб дар зиндагӣ
770

Зиндагӣ аҷаб таззодҳое дорад, баъзан мо-одамони солим бо андаке мушкилот аз ҳаёт дилмонда мешавем, вале шахсони қавииродае низ ҳастанд, ки маъюбу бемор ба дунё омада бошанд ҳам, ҳаргиз пеши тақдир таслим намешаванд ва барои расидан ба қуллаи орзуҳояшон қаҳрамонона мубориза мебаранд. Яке аз чунин занҳои мубориз Санавбар Раупова мебошад.

Санавбар аз модар маъюб ба дунё омадааст, вале Худованд ӯро аз як пой маҳрум гардонида бошад ҳам, ин зани боирода ба тақдир таслим нашуда, ҳамеша дар талош аст, то ки натанҳо зиндагии худ, балки ҳаёти атрофиёнашро низ ширину гуворо гардонад. Самари ҳамин талошҳост, ки Санавбар ба комёбиҳои бузург ноил шуда, такягоҳи садҳо одамон ва соҳиби обрӯву эҳтиром гаштааст.

Ҳамдард, ҳамдил ва такягоҳи маъюбон

Санавбар Раупова муассиси ташкилоти ҷамъиятии “Нерубахш” буда, бо кӯдакони маъюб кор мекунад. Вақте дар бораи кору пайкораш пурсон шудем, қаҳрамонамон андешамандона гуфт:

- Мушкилоти маъюбон барои ман бегона нест, чунки худам аз модар маъюб ба дунё омадаам. Худованд маро аз як пой маҳрум гардонида бошад ҳам, дар надзи худ мақсад гузоштам, ки ҳаргиз ба тақдир таслим намешавам ва кӯшиш мекунам, ки дигар маъюбонро низ дастгирӣ намоям. Бо ҳамин умед ташкилоти ҷамъиятии “Нерӯбахш”-ро ташкил кардем. Мо дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи дурдасти Носири Хисрав бо маъюбон кор мекунем ва ҳамзамон ба модарони тифли маъюб дошта ва умуман ба оилаҳое, ки бо шахсони маъюбият дошта зиндагӣ мекунанд, дасти мадад дароз менамоем. Ба кӯдакони маъюб малакаҳои ҳаётиро меомӯзонем. Кӯдакони маъюбе ҳастанд, ки хонда наметавонанд, дасти гиро надоранд, роҳ гашта наметавонанд, моторикаашон кор намекунад, мо бо ҳамин гуна кӯдакон кор карда, малакаҳои ҳаётиро ба онҳо ёд медиҳем ва ҳамзамон ба модарони ҷавон тарзи нигоҳубини тифли маъюбро мефаҳмонем, чунки табиби ҳар як шахс худи инсон ва табиби аввалини тифли маъюб ин модараш мебошад. Дар як сол ба зиёда аз 100 нафар кӯдакони маъюб кор мекунем, дар баробари ин, ба оилаҳое, ки маъюб доранд, дар масъалаи тахт кардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани маъюбият ва дастрасӣ ба имтиёзҳо кӯмак мерасонем.

Айёми муъҷизаҳо

Чанде пеш бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Нерӯбахш” дар шаҳри Душанбе як чорабинии ҷолиб бо унвони “Айёми мӯъҷизаҳо” баргузор гашт. Дар ин чорабинӣ маҳсули дастони кӯдакони маъюб ба маърази тамошои умум гузошта шуд. Санавбар ҳадафи баргузории ин чорабиниро шарҳ дода гуфт:

- Мо аз тамоми хона-интернатҳои маъюбон кӯдакони намудҳои гуногуни маъюбиятдоштаро ҷамъ оварда, маҳсули дасти онҳоро ба намоиш гузоштем. Мақсад аз ташкил кардани ин чорабинӣ пеш аз ҳама муаррифии ҳунари дастони кӯдакони маъюб буд. Хостем нишон диҳем, ки кӯдаки маъюб ҳам узви комилҳуқуқи ин ҷомеа мебошад ва метавонад чизе эҷод кунад, бисозад, маҳсули даст дошта бошад. Дар баробари ин, хостем барои маҳсули дастони кӯдакони маъюб харидор пайдо намоем. Мусиқӣ, суруд, бозиҳои шавқовар, умуман хеле чорабинии зебое шуд. Мехостем барои тифлакони маъюб як рӯзи пур аз мӯъҷизаҳоро тақдим намоем ва гумон мекунам ба мақсад расидем.

Достони ишқи Санавбар

Қаҳрамони мо модари ду фарзанди дӯстрӯ буда, ҳаёти ширин ба сар мебарад. Санавбар Раупова достони ишқу муҳаббаташро бо шавқ қисса карда гуфт:

- Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат оила бунёд намудем ва шукри Худо, айни замон ду фарзанди дӯстрӯяк дорем. Ҳамсарам олим, номзади илм ва бисёр марди меҳрубонанд. Бузургтарин дастоварди ман дар зиндагӣ оилаам ва фарзандонам мебошанд, вале корамро низ сахт дӯст медорам. Аксар вақт бо як дастам хӯрок мепазам, ба кӯдакам хӯрок медиҳам ё ягон кори дигари хонаро карда, ҳамзамон бо дасти дигарам дар компютер кор мекунам.

- Волидони шавҳарам дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Азбаски ман маъюб ҳастам, имконияти дар деҳа зистанро надорам. Аз ҳамин хотир, мо аз аввал дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекардем, вале хушдоманам ва хешу табори шавҳарам тез-тез моро хабаргирӣ меоянд, меҳмон мешаванд. Хушбахтона, то ба имрӯз ягон бор байнамон нофаҳмӣ сар назадааст. Пайвандони шавҳарам ба зиндагии оилавии мо дахолат намекунанд, маълум мешавад, ки розӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ дар сар задани ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ танҳо келин ё танҳо хушдоман не, балки ба фикри ман ҳарду тараф гунаҳкоранд, чунки сабур нестанд ва дар зиндагӣ ба ҳамдигар гузашт карда наметавонанд. Хушдоман бояд гузашт кунад, чунки келин аз оилаи дигар ба муҳити нав меафтад ва барои мутобиқ гаштанаш вақт лозим аст. Келин низ бояд гузашт кунад, чунки барои модар писарашро соҳиб шудани як духтари бегона дар аввал каме аламовар аст, вале бо мурури замон ба ин одат карда, келинро мисли фарзанди худаш қабул мекунад

- Бовар намекунам, агар бигӯед, ки байни шумо ва шавҳаратон ягон бор нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол нашудааст?

- Зиндагии зану шавҳар бе ҷангу ҷанҷол намешавад. Ҳаёти оилавӣ бо ҳамин моҷароҳои хурдакак ва ҷангу ҷанҷолҳояш ширину гуворост. Баъзан аз кор дер баргаштан, сари вақт хӯрок напухтан ва ба ҳамин монанд чизҳои майда-чӯйда боиси норозигӣ ва гурехтани гапи зану шавҳар мегардад. Пас аз он ки моҷаро хомӯш шуд, баъд нишаста дар бораи сабабаш фикр мекунию хандаат меояд, ки барои дупула гап шуда, ин қадар даъво кардед.

- Пас аз ҷанҷолҳои оилавӣ кӣ аввалин шуда, оштӣ мешавад?

- Аслан шавҳарам низ марди кинагир нестанд, вале бештар ман аввалин шуда, гап мезанам, чунки табиатан қаҳрӣ шуда наметавонам. Гап мезанаму баъд ба ёдам мерасад, ки мо қаҳрӣ будем. (Механдад) Умуман, ҳамсарон набояд бо ҳамдигар қаҳрӣ шаванд, чунки якрӯза қаҳригии зану шавҳар 40 рӯз баракатро аз хонаи онҳо мепаронад.

- Кори бори хона бароятон душворӣ намекунад?

- Зан сарфи назар аз он ки чикора аст, бояд зан будани худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад ва як умр чароғи хонадон бошад. Барои ман оилаам ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дорад. Бори дигар такрор мекунам, ки фарзандонам безургтарин дастоварди ман дар зиндагӣ мебошанд. Танҳо пас аз он ки худам модар шудам, ба қадри модарам расидам, ки барои ба воя расонидани ман чь қадар заҳматҳо кашида будааст, баъд ба қадри зиндагӣ расидам, ба қадри оила расидам, ба қадри ҳаёт расидам...

Аз хотираҳои Санавбар

Санавбар хаёлан дафтари хотироти айёми кӯдакиашро варақгардон намуда, қисса мекунад:

- Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам. Хоҳаронам ҳамеша ба лагерҳои пионерӣ мерафтанд, вале бо сабаби маъюбиам волидонам ба ман иҷозати ба лагер рафтанро намедоданд. Шояд падару модарам аз он ҳарос доштанд, ки ба танҳоӣ азият мекашам, мехостанд, ки ҳамеша дар барашон бошам, вале ин чиз ҳамчун як захм дар дили ман боқӣ монда буд. Ниҳоят пас аз 20-25 сол ҳамчун тренер ба Қазоқистон сафар карда, ба духтаракон чанд рӯз дарс гуфтам. Тақдирро бинед, ки дарсҳои мо дар макони ҳамон лагерҳои пионерӣ мегузаштанд ва ман ҳамаи он чизҳоеро, ки дар кӯдакӣ таҷриба накарда будам, таҷриба намуда, хумори худро шикастам.

Неруи зан бузург аст

Санавбар хеле барвақт падарашро аз даст додааст. Онҳо дар оила шаш духтар буданд ва баъди сари падар модараш барояшон ҳам падару ҳам модар гашта, мудом талқин менамуд, ки онҳо бояд хонда, соҳиби маълумоти олӣ гарданд. Панду насиҳатҳои модар ва дастгирии апаи калониаш боис гашт, ки Санавбар баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад ва бахти худро низ дар зиндагӣ пайдо намояд.

Имрӯз дар баробари кор бо кӯдакони маъюб Санавбар ҳамчунин бо соҳибкорӣ машғул аст ва корхонаи хурди ширинипазӣ дорад. Ин зани панҷ панҷааш ҳунар мегӯяд:

- Зан худаш як неруи бузург аст ва метавонад дар бисёр соҳаҳо ҳатто аз мардон пеш гузарад. Фақат занҳо бояд ба худ боварӣ ва эътимод дошта бошанд ва аз оғоз намудани ин ё он кор наҳаросанд. Ягон чиз, ҳатто маъюбият низ набояд монеи он гардад, ки мо занҳо барои худ як зиндагии арзанда ва хушбахтона бисозем.

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД