Ҳамасола дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор гузаронида мешавад.
Дар ин бора имрӯз, 25-уми июл ректори донишгоҳи мазкур Усмон Маҳмадёрзода қайд намуд.
Зикр гардид, ки “3-юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи донишгоҳ ярмарка-тақсимоти хатмкунандагон бо иштироки намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо, раёсати кишоварзии ноҳияҳо ва агентиҳо баргузор шуд. 108 нафар хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ аз тарафи зерсохторҳои Вазорати кишоварзӣ бо кор таъмин шуда, боқимонда хатмкунандагони буҷавӣ дар асоси дархостҳои пешниҳодшудаи худи онҳо бо кор таъмин гардиданд”.
Ҳамчунин, аз хатмкунандагони гурӯҳҳои шартномавӣ низ 60 нафар дар ярмарка ҷойи кори худро пайдо намудаанд.