Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ дар ҷумҳурӣ 50% ва дар Вилояти Суғд ҳамагӣ 40% иҷро шудааст, ки нибат ба солҳои гузашта хеле кам аст. Ба хотири ҳалли ин масъала ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ба донишҷӯёни Вилояти Суғде, ки мехоҳанд ба хизмати аскарӣ раванд, барои пеш аз мӯҳлат супурдани имтиҳонҳои давлатӣ иҷозат дода мешавад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ректорони муассисаҳои олии касбии Вилояти Суғд мактуб ирсол намуда, иҷозат додааст, ки донишҷӯёни бо хоҳиши худашон ба аскарӣ мерафта пеш аз мӯҳлат имтиҳонҳоро супоранд.
Донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷуми донишгоҳу донишкадаҳои дар Вилояти Суғд амалкунанда, ки хоҳиши дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон адои хизмат намуданро доранд, метавонанд имтиҳонҳои худро пеш аз мӯҳлат супурда, ба аскарӣ раванд.
Дар мактуби вазири маориф ва илми кишвар, ки ба унвони ректорони муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд ироа гардидааст, гуфта шудааст, ки ин муқаррарот дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур сурат мегирад.
Масъулони Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон аллакай тартиби баргузории имтиҳонҳои пеш аз мӯҳлатро муқаррар намуданд. Тавре ки Sputnik аз лафзи муовини ректори донишкадаи мазкур Зайниддин Насриддинов менависад, дар ин донишкада ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа имтиҳони давлатӣ ва рӯзи шанбе ҳимояи рисолаҳои дипломи сурат мегирад.Донишҷӯёне ба имтиҳон роҳ дода мешаванд, ки уҳдадориҳои нақшаи таълимро пурра иҷро карда, дар даст лоиҳаи рисолаҳои дипломӣ доранд” гуфтааст Зайниддин Насриддинов.
Дигар Донишгоҳҳои Суғд низ рӯзҳои гузаронидани имтиҳонҳоро барои донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд, муайян кардаанд.