Arzon march 2024
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 15) АНҶОМ
3800

(Давомаш...)

Ҳасану Ҳусейн гӯё ҳоли зори падарашонро эҳсос намуда бошанд, баробар чирросзанон гиря мекарданд. Насиба дигар тоқати дидани ин манзараро накарду тифлакони гирёнашро ба синааш пахшкунон ба ошёнаи дуюм баромад ва ба хонаи хоби худаш даромада, дарро аз дарун маҳкам карду кӯдаконашро рӯйи кат хобонда зор - зор гирист. Дилаш ба ҳоли Тоҳир месӯхт, вале маҷбур буд ба ин ҷудоӣ тан диҳад, зеро дар хона мондани шавҳари аз ақл бенасибаш барои тифлакон хатарнок буд.

Нолаи “модаргург”

Тоҳирро ба девонахона бурданду лаҳзае пас хизматгорзан бо рангу рӯйи кандагӣ ба назди Фотимахола омада хабар дод, ки аҳволи Зӯҳро бад шудааст, вай мисли модаргург уллос кашида мегиряд. Фотимахола давида ба боло баромад. Насиба осемасар аз паси хушдоманаш давид.

Дарро кушода пасопеш ба ҳуҷрае, ки Зӯҳро дар он ҷо занҷирбанд буд, даромаданд. Аҳволи духтараки бадбахт дар ҳақиқат бисёр бад гашта, бо чашмони беҷо ва мӯйҳои парешон мисли даррандаи захмӣ мингосзанон нола мекард ва зорӣ менамуд, ки ӯро ба назди шоҳдухтари Миср баранд. Авзояш сахт беҷо гашта, аз чашмонаш ашки хунин меборид.Фотимахола аҳволи Зӯҳроро дида ба Насиба рӯй оварду оҳиста пичиррос зад:

- Ба фикрам набудани Тоҳирро дилаш ҳис карда, ба чунин ҳол афтидааст. Инҳо бе якдигар наметавонанд. Маҷбурам, ки фардо Зӯҳроро ҳам ба Куктош барам.

Насиба дигар тоқати дидани ин манзараи ҳузнангез ва ҳоли зори Зӯҳрои занҷирбандро накарда, рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшонд ва гирён ба поён фаромад...

Марги фоҷиавӣ

Як поси шаб садои гулдуросзанон ба замин афтидани чизе ба гӯшаш расиду Насиба як қад парида аз ҷояш хест ва ҳаросон ҷониби тиреза равон шуд. Ин дам садои ваҳшатноки Зӯҳро ба гӯшаш расид. Осемасар хилъаташро пӯшида аз дар баромад. Дилаш тоқат накарду пеш аз ба поён фаромадан аввал аз тирезаи кушодаи долон ба берун нигарист, то фаҳмад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.

Моҳи мунир ҳавлиро мисли рӯз равшан карда буд ва Насиба дар шуълаи маҳтоб баръало дид, ки хоҳаршӯйи бемораш дар байни ҳавлӣ бо чашмони кушода ғарқи хун хобидааст. Аз тарс бо тамоми овоз фиғон кашид. Фотимахола ва хизматгорон аз фарёди ҷонкоҳи Насиба бедор шуда, сарлучу пойлуч шитобон ба ҳавлӣ баромаданд. Зӯҳрои дар хуну халаф ғарқро дида, ҳуш аз сари ҳама парид.

Як хона одам мисли гунгҳо имову ишораткунон Зӯҳрои ғарқи хунро бо ангушт ба ҳамдигар нишон дода, бо чашмони ваҳшатзада ба ин манзараи хунин менигаристанд. Фотимахола рӯю мӯйканон худро болои ҷасади духтари нокомаш партофта, бо тамоми овоз нола сар кард.

- Духтурро ҷеғ задан лозим, шояд зинда бошад, -  аз дил гузаронд Насиба ва ба боло баромад, то ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занад.

Тақрибан ним соат пас духтурҳо расида омаданд, вале аз омаданашон суде нашуд. Набзи Зӯҳроро санҷида, табиб бо афсӯс сар ҷунбонда гуфт:

- Ҳангоми афтидан сараш ба семент бархӯрда ҷо ба ҷо мурдааст! Аз дасти мо дигар ягон кор намеояд. Тақдираш ҳамин будааст. Чӣ илоҷ?

Зӯҳроро мувофиқи урфу одати мусулмонӣ кафан карда, дар қабристони шаҳр гӯронданд. Рӯзи ҷанозааш Насиба зорию тавалло намуд, ки рафта Тоҳирро биёранд, то бори охирин хоҳари ҷавонмаргашро бубинад, вале “мурдани Зӯҳроро фаҳмад, ҳолаш бадтар мешавад” гӯён, рад карданд. Фотимахола метарсид, ки Тоҳир дар маросими ҷаноза худкушӣ накунад.

Ду ҷисму як ҷон

Ҳамон шаби мудҳиши марги фоҷиавии Зӯҳро Тоҳир дар беморхона печутоб хӯрда, беист нолиш мекард. Дар забонаш танҳо номи Зӯҳро буд. Духтури навбатдор бо кӯмаки ҳамшираҳои шафқат дасту пойҳои ӯро баста сӯзандоруи оромкунанда гузаронд. Бо таъсири дору як дам ғанабаш бурд.

Тоҳир хоб дид, ки Зӯҳро миёни чор девори хона месӯзад. Пӯсти баданаш варақ - варақ сӯхта мерехт. Аз тарс фиғони ҷонкоҳе кашида, бедор шуд ва ҳаросон ба ҳамроҳонаш, ки яке ба таври худ рӯзнома мехонду дигарӣ радиочаи худсоз дар даст ҷунбуҷул дошт, нигариста дод зад:

- Зардпарӣ Зӯҳроро кушт! Зардпарӣ Зӯҳроро кушт...

Девонае, ки дар дасташ радиоча дошт, бо дастонаш даҳони Тоҳирро зер карда таҳдид намуд:

- Хап шин! Ман бо Сталин гап зада истодаам, агар дамата нагирӣ, ҳозир бо ҳамин сими телефон гулӯятро буғӣ карда, мекушам!

Тоҳир ӯро тела зада аз худ дур кард ва боз фиғон кашид:

- Зардпарӣ Зӯҳроро кушт! Зардпарӣ Зӯҳроро кушт...

Доду фиғони девонаҳоро шунида, марди сияҳҷурдаи қадпасте, ки дар танаш хилъати сафеди оҳарӣ дошт, ба утоқ даромад ва чанд ҳаб доруҳои сурху зардчатобро ба Тоҳир дароз намуда, ҳаммшираи шафқатро садо кард.

Лаҳзае пас духтараки чашмкабуди сафедпӯше аз дар даромад ва пиёлаи оби дасташро ба Тоҳир дода ишорат кард, ки бинӯшад. Тоҳир итоаткорона дору хӯрда аз болояш об нӯшид ва баъд ба духтурон нигариста зорикунон гуфт:

- Маро ҷавоб диҳед, ба назди Зӯҳро меравам.

- Зӯҳро кист? - пурсид сиёҳҷурда.

- Зӯҳро ин манам.

- Ту Тоҳирӣ! Сиҳат шав, баъд ба хонаатон меравӣ, - духтур инро гуфта, майли рафтан кард, вале Тоҳир аз паси гиребонаш дошта, дод зад:

- Ҷавоб диҳед гуфтам! Ман бояд рафта, Зӯҳроя аз Зардпарӣ халос кунам!

Духтур ба ғазаб омада муште ба сари Тоҳир фаровард ва дастонашро ба пушташ тоб дода баст. Тоҳир сарашро ба девор зада гиря мекард ва номи Зӯҳроро гирифта, илтиҷо менамуд, ки ӯро ҷавоб диҳанд, вале дигар касе ба нолаву фиғони ин ҷавони аз ақл бегона аҳамият намедод.

Дидори вопасин

Се рӯз чизе нахӯрда Тоҳир аз по афтид. Табибон ба ташвиш афтида ба Фотимахола занг заданд. Насиба ба чашми гирёну дили хунчакон барои шавҳари бадбахташ хӯрок пухту хушдоманаш ба аёдат равон шуд. Духтарҳо Тоҳирро ба ҳуҷраи алоҳида гузаронда буданд. Фотимахола дар паҳлуи писараш нишаста бо меҳр сари ӯро сила кард ва зорӣ кард, ки ақаллан як луқма хӯрок хӯрад, вале Тоҳир на ба рӯйи модараш нигарист, на ба таоми овардааш. Ҳушу ҳаёлаш беҷо буд. Ҳоли зори Тоҳирро дида ҷигари сӯхтаи Фотимахола реш-реш гашт.

- Зардпарӣ Зӯҳроро хӯрд, оча?, - пурсид Тоҳир ногаҳон.

Фотимахола аз ин саволи писари камақлаш як қад парид.

- Инро ба ту Насиба гуфт? - пурсид кампир бо гумони он, ки келинаш аз вай пинҳонӣ ба Тоҳир занг зада, мурдани хоҳарашро хабар додааст.

- Не, ман дигар бо вай гап намезанам.

Тоҳир бо шунидани номи занаш рӯяшро тофт ва лаҳзае андеша намуда, баъдан мисли одами сип -сиҳат ба нақл кардан сар кард:

-Се шаб шуд, ки Зӯҳро доим дар хобам медарояд. Хоб мебинам, ки Зӯҳро дар як боғи пурмева олучаю гелос хӯрда истодааст. Вай ба тарафи ман даст афшонда, биё олуча хӯрем мегӯяд.

- Бас, дигар ин гапҳоро ба забон наёр! Бигзор Зӯҳро дар ҳамон боғ худаш олуча хӯрда гардад. Ту тезтар сиҳат шав. Аҳволат, ки хуб шуд, ба хона ба назди бачаҳоят меравӣ. Ҳасану Ҳусейн туро ёд кардаанд, арӯсат ҳам “Тоҳирҷони ман кай меомада бошад?” - гӯён, чашм ба роҳ аст...

- Оча, ман мурам, ту гиря мекунӣ? - сухани Фотимахоларо бурид Тоҳир.

- Эй аз даҳонат шамол барад! Ин хел нагуй, ҷигарамро об кардӣ, - чашмони модари зор, ки захми марги фоҷиавии Зӯҳро ҳанӯз дар дилаш хунбор буд, бо шунидани ин гапи Тоҳир ҳавзи об гаштанд.

- Зардпарӣ мегӯяд, ки ман туро бо худам ба пушти куҳи Қоф мебарам, - ба дуродур нигариста, пичиррос зад Тоҳир.

-Ҳамроҳаш нарав! Гапи маро фаҳмидӣ? Туро арусакат дӯст медорад.

- Майлаш, имшаб Зардпарӣ биёяд, мегӯям, ки худаш танҳо равад, ман ҳамроҳаш рафтан намехоҳам...

Фотимахола аз пешонии писараш бӯсида, бо дили хунчакон аз палата баромад. Дилаш худ аз худ сиёҳӣ оварда аз пешомади талху ногуворе дарак медод...

Таъбири хоб

Ҳамон шаб Насиба хоби даҳшатноке дида, чунон фиғони талх кашид, ки хушдоманаш, ки дар паҳлӯяш мехобид як қад парида хест. Фотимахола келини дарақ - дарақ ларзонашро дида хавотиромез пурсид:

- Ба ту чӣ шуд духтарам? Барои чӣ барги бед барин меларзӣ?

Ин охирин суҳбати Фотимахола бо Тоҳири ноумед буд. Он шаб Тоҳир дар хобаш сахт нолиш мекард. Насиба бошад, аз беист ғаш кардану гиряи Ҳасану Ҳусайн ба таҳлука афтода, мошини "Ёрии таъҷилӣ" - ро ҷеғ зада буд. Онҳо омада кӯдаконро аз назар гузаронида гуфтанд, ки шояд ягон чизи хунук дода бошед ва ба ҳардуяш сузандорӯи оромбахш гузаронида, таъкид карданд, ки агар то субҳ ин ҳолат идома ёбад, ҳатман онҳоро бурда дар беморхонаи касалиҳои кӯдакона хобонанду ташхис гузаронида, сабаби ин қадар сахт гиря карданашонро аниқ кунанд.

Насиба хост, ки худаш сарашро монда, каме ғанаб кунад ва хастагии шабонаашро барорад. Аммо дар ҳамин лаҳзаи ғанаб карданаш ӯро сиёҳӣ зер карду гумон кард, ки тор - тори девори хона гардиш дораду касе гулуяшро буғӣ карда, куштанӣ аст.

Дар хобаш сураи "Ихлос" - ро хондан гирифт. Фотимахола аз садои баланди ӯ бедор шуда, ба ҳуҷрааш даромад ва болои сараш истода, ба рухсорахои ӯ об пошида мегуфт:

- Духтарам, ба ту чи шуд?

- Оча, хайрият, ки омадед. Ин сиёҳӣ маро бори дуввум аст, ки зер мекунад. Як бор вақти модарам аз олам гузаштан, вақти ҷонкании ӯ маро сиёҳӣ зер карда буд. Инак, ин бори дуввум аст. Тоҳир саломатиаш чӣ хел буд?

- Хеле бад. Духтур гуфт, ки чизе намехӯрад. Фақат номи Зуҳроро мегирад.

- Очаҷон, дина шаб як хоби парешон дида будам. Зуҳро бо либоси сап - сафеди арусӣ дар миёни ҳавлӣ рақс дораду Тоҳир дасти маро кашида ба рақс даъват дорад. Аммо ҳамин вақт Ҳасану Ҳусайн гиря карданду ман аз хоб бедор шудам.

- Хайрият, ки бедор шудӣ. Бовар кун олами ғайб сирҳое дорад, ки мо одамон бехабарем. Як оши сергушт паз ба ҳафт хона хайр кунем.

- Майлаш, худам ҳам дар ин фикр будам.

Соатҳои 10 - и саҳар ногаҳон телефони мобилии Фотимахола занг заду ӯ давида телефонро бардошт.

-Ало, салом холаи Фотима шумо?

-Оре ман. Тинҷӣ аст духтур?

-Тинҷӣ нест. Тоҳир аз беморхона гурехтанӣ шуда ,суйи дарёи назди беморхона давидааст. Ӯро субҳ духтурон аз даруни лойқаҳо беёду беҳуш дарёфтанд. Аҳволаш хеле вазнин аст. Дилаш суст кор карда истодааст. Биёед!

- Ҳозир!

Фотимахола зуд ба хизматгорзан супориш дод, ки таксиро аз берун киро карда биёрад. Худаш аз паси либоспушӣ шуд. Барои эҳтиёт даҳ метр сони сафедро низ бо худ гирифт. Келинаш аз ӯ пурсон шуд:

- Очаҷон, тинҷӣ аст охир?

- Не бачам, аҳволи Тоҳир соат ба соат вазнин мешавад. То омадани ман ҳавлиҳоро рӯбу ба хизматгорзанҳо гӯй, ки тамоми хонахоро як бори дигар тоза кунанд. Ба амакат низ занг зан, ки таъҷилӣ расида биёяд.

- Хуб шудааст, очаҷон, - аз қаъри дилаш гузашт, ки дар хоб беҳуда сиёҳӣ зераш накардааст. Барои бахти набуда дилаш сӯхт.

Тоҳир базӯр нафас мекашид. Фотима-оларо дидан замон гирякунон Зуҳроро пурсид.

- Зуҳро дар хона аст.

- Чаро дурӯғ мегуӣ, очаҷон? Зуҳро дар пушти куҳи Қоф себ хӯрда гаштааст. Имшаб маро ҷеғ зада гуфт, ки ними себро ба ман медиҳад. Аммо ман даруни лойқаҳо ғалтидам.

Сония ба сония нафаскашии Тоҳир вазнин шуду баъди як соат аз гап задан монд.

Духтур гуфт, ки дилаш хеле суст зада, дасту пойҳояш каррахт шудаанд. Қарибиҳои бегоҳӣ Тоҳир руйи дастони Фотимахола фавтид. Лабонаш парида чизе гуфтан мехост, аммо садояш набаромад.

Фотимахола аз сӯзиши дил дандон ба дандон монда, нолаву фарёд набардошт. Тоҳирро ба ҳавлӣ оварда мардумро ба ҷаноза хабар карданд. Алишер, ки нав зан гирифта буд, аз марги ӯ дарак ёфту ба худ афсус мехурд, ки чаро зан гирифт.

- Ин арусаки зебо бева шуд, - ку?!

Насиба руйи Тоҳирро кушода, аз рухсораи хунуку сахташ бӯсае кард. Бӯсаи армониву бӯсаи бебахтӣ.

Баъди маросими чилу соли Тоҳирро додан Фотимахола ба Насиба гуфт, ки агар хоҳӣ шавҳар кун.

-мНе холаҷон, фикру зикрам ба Ҳасану Ҳусайн аст. Барои онҳо зиндагӣ мекунам.

- Ин тавр намешавад. Ту ҳоло хеле ҷавонӣ.

- Не очаҷон. Онҳоро бурда як бори дигар аз ташхиси пурраи тиббӣ мегузаронам.

Баъди ташхиси тиббӣ маълум шуд, ки ҳарду солимақланд. Насиба дар беморхонаи маҳалла ба ҳайси фаррош ба кор даромад. Сардухтур як рӯз ӯро ба назди худаш фарёд кард. Насиба ҳайрон шуд.

Рӯбарӯи Шамсулло ишқи аввалаш меистод. Ӯ аз ҳаяҷон гап зада наметавонист. Насиба Шамсуллоро дида лолу гунг шуд. Сардухтур базӯр салом дода, аҳволашро пурсид:

- Шавҳарам мурд. Барои ҳамин ба кор омадам.

- Чӣ тақдири сахт. Дар вақташ падарат гуфт, ки ин бачаи деҳотии камбағал дар шаҳр хона надорад. Ман номус карда, ба Русия рафтаму бо меҳнати дастонам пул ҷамъ карда дар шаҳр хона харидам. Аммо аз издивоҷи кардаам норозӣ будам. Оқибат мо расман бо розигии якдигар ҷудо шудем.

- Фарзанд дори?

- Не мутаасифона. Ту чӣ?

- Ман соҳиби ду гулписарам Ҳасану Ҳусайн.

- Беҳтарин. Барои онҳо умри дароз мехоҳам аз Худо.

- Раҳмат.

Акнун Шамсуло мисли давраи аввали ошиқиҳояш беқарору парешон шуда, ҷойи нишаст намеёфт. Суроғ карда, ба хонаи хушдомани Насиба омад ва рози дилашро ба ӯ кушод. Фотимахола бегоҳӣ баъди аз кор баргаштани Насиба дар ин бобат бо ӯ сухан карда, гуфт:

- Духтарам, боз такрор мекунам, ки ту хеле ҷавонӣ ва аз зиндагӣ то ба ҳанӯз гуле начидаӣ. Шамсуло бароят туҳфаи тақдир аст.

- Не, очаҷон. Магар писарони маро ӯ падарӣ карда метавонад?

- Чаро не? Ӯ, - ку туро аз давраи мактабхониат дуст дошта будааст. Агар самимӣ дуст дорад, фарзандони туро парасторӣ хоҳад кард. Ман ба самимияти ишқи ин мард боварӣ дорам. Дар дунё барои зан ширинтар чиз бахт аст. Аз ёдат набарор.

- Медонам.

- Дигар дудилагӣ накун. Ман ҳамчун модарат туро ба ӯ ба шавҳар медиҳам.

Фотимахола Насибаро бо тамоми орзуву ҳавасхояш ба шавҳар дод. Мардуми маҳалла байни ҳамдигар мегуфтанд, ки «ин занак девона будааст, ки келинашро худаш бароварда, ба шавҳар дод». Насиба ончунон хушбахт буд, ки ба тасвир карданаш сухан оҷизӣ мекунад. Аммо ҳар гоҳ ки мижжаҳои бо ҳам хурдаи Ҳасану Ҳусайнро назар кунад, ҳамон Тоҳири беақли беозор пеши рӯяш меомад….

АНҶОМ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД