(Давомаш)
Ашки алам
Фотима-хола дар бистари танҳову сардаш ин тарафу он тараф тоб хурда бе овоз мегирист. Барои бефарзандиаш, барои ҳаёти сӯхтааш, барои бахти дунимааш бо сӯзу алам гиря мекард ин зани бетолеъ. Шавҳарашро бо тамоми ҳастиаш дӯст медошт ва ягон бор ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки рӯзе ин мард ба болои ишқи поки ӯ по мегузорад, вале имрӯз ин ҳақиқати талх-зани дуюм доштани мардакашро шуниду дунё дар як лаҳза дар назараш тираю тор гашт. Фарзанд медошт, забонаш дароз мебуд ва яқин аз гиребони шавҳараш гирифта талаб мекард, ки ҷавоби он хонуми таннози ёфтаашро диҳад, вале безурриётӣ ӯро забонкӯтоҳ кардааст, охир чӣ гуфта даъво кунад?! Дар тӯли ҳамин қадар вақт на писари рустамбозу таваллуд карда тавонисту на духтари заркокул, ки боиси виқору ифтихораш бошад. Ҳоло ҳам раҳмат ба ҳамин мард, ки сабурона сағираҳои девонаи хоҳари ӯро падарвор парасторӣ мекунад. Зани дуюми шавҳараш писар зоидааст, шояд акнун дили мардакаш ба вай бештар гарм шуда, дигар ёди Фотима ва ин хонаву дарро накунад. Беҳуда мардум фарзанд аз ҳама ганҷи дунё азизтар аст намегӯянд-ку!
Хушхабар
Фотимахола болинашро аз оби дида тар карда, ниҳоят аз гиряву нола хаста шуд ва сари озурдаашро аз болишт бардошта ба соат нигарист. Аллакай ақрабак 11-и шабро нишон медод. Аз дилаш гузаронд, ки шояд ҳозир келинаш бедор бошад ва телефонро аз рӯйи ҷевонча гирифта ба Насиба занг зад. Ба зудӣ келинакаш гӯшакро бардошт.
-Ало, салом духтарам, ҳолу аҳволат хуб аст? Мебахшӣ, ки дар ин бевақтии шаб туро ташвиш додам.
-Очаҷон, ин хел нагӯед! Хуб кардед, ки занг задед. Аҳли оила, худатон, амакам, Тоҳир, ҳамаатон хубед?
-Тоҳир дар ғами ту Маҷнун шуда мондааст. Тавба, ақл надораду ошиқи зор шудааст ин бача!
-Медонам очаҷон, медонам. Вақти дар хона буданам ҳар шаб вай ба меҳр ба рӯи ман нигариста мегуфт: “Ту арӯсаки зеботарини дунёӣ!” Ҳар рӯз дар намозҳоям худовандро зорӣ мекунам, ки Тоҳирро шифо бахшад, очаҷон.
-Ҳамааш дар дасти худованд аст духтарам, хоҳад дар як дам шифо мебахшад, нахоҳад аз дасти бандагонаш ягон кор намеояд.
-Очаҷон, ман ба шумо як хушхабар дорам.
-Хӯш, чи хушхабар будааст?
-Ман ҳомиладорам!
Лаҳзае сукут ба миён омад, Фотимахола намедонист чӣ гӯяд.
-Акнун чӣ кор мекунӣ?-Пурсид вай бо изтироб.
-Таввалуд мекунам, дигар чӣ кор ҳам мекардам?
-Мабодо...
-Оча, илтимос, нияти нек кунед. Нияти нек ними давлат аст мегӯянд.
-Худатро сахт эҳтиёт кун духтарам. Ба хона меоӣ?
-Намедонам, ҳоло ба ягон хулоса наомадаам.
-Беҳтараш ҳамон ҷо таваллуд кун, баъд ягон фикр мекунем. Харҷу хароҷоти таваллудхонаро ман худам медиҳам.
-Падарам зангир шудааст, агар ягон хонуми ҷавонро ёбад, ман ба хона бармегардам, чунки тобу тавони дар ҷойи модарам дидани зани дигареро надорам,-оҳи сард кашид Насиба.
-Ҳа, ягон моиндар модар намешавад. Албатта баргард духтарам! Гуфтагӣ барин, муборак шавад! Саргарми лақ-лақ шуда ҳатто туро табрик ҳам накардаам.
-Ба шумо ҳам муборак шавад. Акнун бибӣ мешавед!
Насиба бо хушдоманаш хайрухуш намуда бо табъи болида ба бистари хобаш даромад.
Ишқи пирӣ гар бихезад...
Аз байн чанд моҳ гузашту ниҳоят падараш бо кӯмаки ҷӯраҳояш барои худ арӯс ёфт, арӯси ҷавону зебо. Ин ҷавонзан аз Насиба ҳамагӣ ду сол калон буда, дар назди домоди пир шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ҳавлиро ба номи вай гузаронидан ба никоҳаш медарояд. Падараш ҳатто андешаи Насибаро напурсида, хонаву дари дакадангашро расман ҳуҷҷат карда ба номи он танноз гузаронд ва бар замми ин, пулу моли зиёде дода, волидони арӯсро ба никоҳ розӣ кунонду дар тараддуди тӯй шуд. Насиба ба ин ҳама ташвишҳои падараш нигариста аз дил мегузаронд, ки дар ҳақиқат мард бевафотарин мавҷуди олам будааст. “Падарам аз дунё мегузашт, ҳеҷ гоҳ модарам чунин кори аблаҳонаро намекард”,- мегуфт худ ба худ духтараки бетолеъ, вале аз исён бардоштан ба муқобили падар худдорӣ мекард.
Бегонадил
Ба хотири оғӯши гарми зани ҷавон ба ҳама қурбонӣ розӣ будани падарашро дида, дили Насиба мисли пиряхҳои қутби шимол аз вай хунук шуд. Духтараки бетолеъ яқин намуд, ки баъди ба ин ҳавлӣ қадам гузоштани моиндари ҷавонаш дигар дар ин хона намеғунҷад. Ин ҳақиқати талхро ба зудӣ зиндагӣ исбот кард. Пас аз зан гирифтанаш падараш тамоман одами дигар шуда, умуман ба Насиба эътибор намедод ва ақаллан барои тасаллои дилаш намепурсид, ки вай чӣ ҳол дораду барояш чӣ лозим аст. Дили духтар аз ин бегонагии падар мисли сипанди дар байни курраи оташ афтода пурдуд месӯхт.
Моиндар
Шабе садои зани падарашро шунид, ки мегуфт:
-Мардакҷон, таваллудкунӣ дар таваллудхона ҳозир бисёр гарон аст. Духтари холаи ман се моҳ пеш писар зоида буд, ҳамон шаби таваллуд карданаш духтурҳо 200 доллар талаб карданд. Духтаратон ба наздикӣ модар мешавад. Харҷу хароҷоти таваллудашро шавҳараш медиҳад ё ба гардани мо бор шуданист?
-Ту ташвиш накаш, шавҳараш девона бошад ҳам, хусуру хушдомани Насиба одамони бою бадавлат ҳастанд, албатта пули таваллудхонаро худашон медиҳанд,-зани ҷавонашро ором намуд падараш.
-Магар шавҳари Насиба девона аст?
-Ҳа, мо бачаи бисёр хушрӯю сарватманд буданашро дида, ӯро ба Тоҳир додем, нафаҳмидем, ки ақлаш коста аст.
-Эҳ, ин духтаратон ҳам ақл надоштааст! Наход одам дидаю дониста аз як девона зояд-а!- Моиндараш қиққосзанон хандид.
Хандаи ин ҷавонзани маккораи барои пулу мол ба як марди пир ба шавҳар баромада ба дили Насиба мисли корд халид. Мехост рафта аз гиребони ин саги дайду, ки имрӯз худро ҳокими мутлақи ин хонадон медонад, бигирад ва чунон лагадкӯбаш кунад, ки хун аз даҳону биниаш фаввора занад, вале боз андешаи мабодо ба тифли батнаш зарар расиданро карда, астағфируллоҳ гуфт.
-Ман чанд бор ба ин духтари бе ақл гуфтам, ки рафта насли он девонаро нест кунад, лекин вай ба мурдан розӣ мешаваду ба ин кор не.
-Ин тавр бошад, ба хонаи шавҳараш равад. Чаро ба гардани дигарон бор мешавад?
- Ман пагоҳ ба хушдоманаш занг мезанам, омада ӯро мебарад,-Насиба дигар тобу тавони гӯш кардани суҳбати падару моиндарашро накарда ба хона даромад ва ба хушдоманаш занг зада, хоҳиш намуд, ки омада ӯро ба хонааш барад. Фотимахола садои гиряолуди келинашро шунида дарк кард, ки моиндараш ӯро сахт ранҷонидааст ва худи ҳамон замон ба ронандааш занг зада, фармуд, ки ба зудӣ расида ояд...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)