Дипика Подуконе, модел ва ҳунарпешаи 34-солаи ҳинд бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудааст. Дар ин бора сомонаи “ZEE TV” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳунарпеша субҳи 26-уми сентябри соли равон ба Шӯъбаи назорати маводи мухаддир дар шаҳри Мумбай барои бозпурсӣ даъват шудааст ва то ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ӯ бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста мешавад. Дипика баъди панҷ соати бозпурсӣ иқрор шудааст, ки бо менеҷераш Каришма Прикаш дар паёмрасони WhatsApp оид ба муомилоти маводи мухаддир гуфтугӯ кардаанд.
Аз Шӯъбаи назорати маводи мухаддир дар шаҳри Мумбай гуфтаанд, Дипика Подуконе роҳбари гурӯҳе будааст, ки дар он мавзӯъҳои алоқаманд ба маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегирифтаанд. Ҳамчунин, ғайр аз Дипика Подуконе, боз Сара Алӣ Хон, ҳунарпешаи 25-солаи ҳинд, Ракул Прит Сингҳ, ҳунарпеша ва модели 30-солаи ҳинд, Шраддҳа Капур, овозхон ва ҳунарпешаи 33-солаи ҳинд ва чанд тани дигар аз афроди машҳур низ барои бозпурсӣ даъват шудаанд ва то анҷоми парванда дар боздоштгоҳ хоҳанд монд.