Мадина Басаева (Дина Саева), блогери тоҷик, ки дар Русия ҳамчун маликаи Тик-ток муаррифӣ мешавад, пас аз чанд моҳи хомӯшӣ ба ютуб-канали “FAMETIME TV” мусоҳибаи муфассал дод.
Суҳбати мазкур зиёда аз ду соатро ташкил дода, дар меҳвари он дӯстдошта доштанаш, ҷавоби рад додан ба коргардони силсилафилми машҳури «Постучись в мою дверь. Москва» ва ифтихор доштан аз тоҷик буданаш меистанд.
Ровии барнома Лаура Ҷугелия аз Дина Саева доир ба муносибатҳои ошиқонааш мепурсад. Дина мисли пештара пинҳон намекунад ва мегӯяд бо шарте дар ин мавзӯъ суҳбат мекунам, ки номашро ба забон нагирем.
- Зиёда аз як сол мешавад, ки дӯстдошта дорам. Мо ҳамроҳ зиндагӣ мекунем ва муносибатамон ҷиддӣ аст. Кордӯсту серкортар аз ин ҷавон надидаам. Бисёр меҳнативу одами хуб аст ва аз ҳама муҳим чаққон аст. Дар аввал ба ӯ чандон таваҷҷуҳ надоштам, чун хеле инсони одӣ асту худро намоиш намедиҳад. Ман дар бари ӯ худро хуб ҳис мекунам ва аз дӯстдоштаам бисёр чизҳоро меомӯзаму ангеза мегирам. Бисёр хуб аст, ки ҳамсафари ҳаётӣ ба инсон нерӯ бахшад ва кумакрасони ҳамдигар бошанд, - мегӯяд блогери тоҷик.
Ҳамчунин, дар ин қисмати суҳбат мегӯяд, ки баҳонае барои рашк кардан намедиҳад, аммо ӯ хеле зиёд рашк мекунад ба ман.
Дар қисмати дуюми суҳбат мавзӯи рад кардани нақшофарӣ дар силсилафилми «Постучись в мою дверь. Москва» матраҳ мегардад. Барои онҳое, ки намедонанд, хотиррасон менамоем, ки силсилафилми «Постучись в мою дверь» асосан филми туркист, аммо версияи русии онро русҳо ба навор гирифта, ҳоло намоиш дода истодаанд.
Дар нақши асосии ҳамин силсилафилми машҳур таҳиягарон Дина Саеваро интихоб карданд, вале ин кор нашуд. Дар мусоҳибаи мазкур Дина дар ин маврид чунин мегӯяд:
- Вақте маро даъват карданд, аз Дубай якмоҳа ба Маскав барои иштирок дар кастинг рафтам. Ҳангоме ки аз кастинг гузаштам, таъкид карданд, ки ин проекти калон аст ва чанд сол давом мекунад. Ба ин хотир, бисёр фикр кун ва ҷавоби аниқатро ба мо деҳ. Ман ба хулосае омадам, ки розӣ мешавам. Чун шакли асли силсилафилмро надидаам, як дӯстам гуфт, ки дар он саҳнаҳои маҳрамона ҳастанд. Баъдан, ман аз коргардон дар мавриди он саҳнаҳо пурсон шудам. Ӯ гуфт, ки дар ҳақиқат дар филм саҳнаҳои бӯсобӯсӣ ҳаст. Гонорари бениҳоят хуб дошт ва ин масъаларо бо дӯстдорам дар миён гузоштам. Ӯ розӣ шуд, вале дар охир худам ба хулосае омадам, ки иштирок намекунам. Зеро муносибати шахсӣ муҳимтар аст бароям.
Дар бахши дигари суҳбат Мадина дар мавриди ном ва миллат сухан мекунад.
- Наврасӣ айёми хеле дарҳамбарҳами умр аст. Он вақт ба фикре будам, ки ному насабам барои машҳур шудан хуб нестанд ва монеа мешаванд. Ман худамро дигар кардан намехостам, аммо мардум дигар хел маро дидан мехостанд. Чанд моҳ пеш ман ба Тоҷикистон рафтам ва чун солҳои зиёд дар Ватан набудам, шинохтам ниҳоят кам буд. Вале чун чанде вақт гузаронидаму ободиву меҳмондориву муносибатро дидам, ифтихор кардам. Ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам ва чунин миллатро намояндагӣ мекунам, - мегӯяд дар охир ӯ.