Formula novemver 2024
Дилором бо нӯги сӯзан таърихро зинда месозад
556


Ҳунармандон посдори таърих ва фарҳангу тамаддуни ҳар миллатанд. Таърихнигорон маҳз тавассути офаридаҳои эшон замони дақиқи таърихи ниёгонро муайян месозанд.

Дар ин баробар онҳо бо дастони пурэъҷози хеш фарҳанги миллии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, тарғиб мекунанд. Яке аз чунин ҳунармандони асил Дилором Адҳамова мебошад.

Ин зани панҷ анҷааш ҳунар мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро дар матоъ тасвир карда, медӯзад. Дилором портрети қаҳрамонҳои таърихиву хаёлӣ ва нақшҳои қадимаи ориёиро дар асараш ҷой дода, ба қавле таърихро дубора эҳё менамояд. Мо бо ин зани ҳунарманд перомуни нозукиҳои ҳунараш ҳамсӯҳбат шудем.

                    Орзуи кӯдакӣ

Ҳафт пушти Дилором Адҳамова ҳунарманд гузаштаанду ин ганҷи бебаҳо, яъне ҳунарро ба насли худ мерос гузоштаанд. Модари Дилором-Махфират Адҳамова яке аз ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон мебошанд. Қаҳрамони мо аз хурдӣ дар муҳити ҳунару ҳунармандӣ ба камол расида, ба риштаву сӯзан дил баст. Гулдӯзиву зардӯзиҳои модараш шавқи омӯхтани инкасбро дар дили кӯчаки дилором бештар аланга медоданд. Модараш ба порчаи матоъҳо расми гул, ҳайвонот, манзара ва нақшҳои гуногунро тасвир намуда, гулдӯзӣ мекард ва онҳоро бо риштаҳои гуногунранг дӯхта, мӯъҷизаҳои зинда меофарид. Дилором низ ба модар тақлид намуда, бо дастакони кӯчакаш ба таври худаш гулдӯзӣт мекард ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ин ҳунарро ёд гирифт. Чун ба воя расид, аллакай дастёри модар буд ва дар дӯхтани тоқиву зарҷомаву гӯлдӯзӣ барояш кӯмак мерасонд. Модар барои он ки духтараш нисбати ҳунар боз ҳам бештар дилгарм шавад, ҳаққи меҳнаташро ду тақсим мекард. Дилором аз ин хушҳол шуда, бо ҷидду ҷаҳд ҳунари худро такмил медод.
" Маҳсули дастони мӯъҷизаофари модарам маро ба омӯхтани нозукиҳои гулдӯзию зардӯзӣ торафт дилгарм месохт. Ҳар гоҳ муштариён ва сайёҳон ба хонаамон омада, маҳсули дастранҷи модарамро харидори мекарданд, ман ба ин манзара бо шавқ менигаристам ва мехостам мисли модарам ҳунарманд шавам. Ин орзуи кӯдакии ман буд ва барои расидан ба он зиёд талош мекардам," - мегӯяд Дилором Адҳамова.
Қаҳрамони мо баъди ба камол расидан таҳсилашро дар риштаи "омӯзгори забон ва адабиёт"-и ДДХ идома медиҳад, вале меҳри ҳунар ҳамоно дар дилаш ҷӯш мезад, ҳарчанд аллакай аз нозукиҳои ҳунари кашидадӯзӣ пурра огоҳ буд. Дилором баъди хатми донишгоҳ солҳо дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт фаъолият намуд, баъдтар ӯро ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ даъват карданд. Дар индаргоҳи ҳунар ӯ сидқан ба шогирдонаш нозукиҳои ҳунари худро ёд дода, ҳамзамон мудири кафедра ва муовини директор шуда фаъолият менамуд. Имрӯзҳо низ дар ин кохи ҳунар ба ҳунаромузон дарс медиҳад.

Зеби ҳар як кошона
Аз қадим либосҳои гулдӯзишуда ва мӯҳрагину зарҳалин хоси шоҳон, вазирону кабирону ашрофзодагон ва одамони дарбор буд. Қаср, кӯшк, меҳмонхона ва ҷойи хоби подшоҳон бо сӯзаниҳои рангорангу зебо ороиш дода мешуд, ки онҳо ба дастони мӯъҷизаофари кашидадӯзон офарида мешуданд. Ҳамин тавр бо мурури вақт либосҳои гулдӯзишуда ва зардевориҳо миёни мардум ба урф даромад.

Маҳсули офаридаҳои Дилором Адҳамова имрӯз зиннатбахши кошонаҳоянд.
"Пӯшидани либоси гулдӯзишуда ифтихор аст, ҳатто баъзе хориҷиён либосҳои миллии моро харидорӣ мекунанд. Алҳол мо ба либосҳои арӯсӣ низ нақшу нигори миллиро ворид кардем. Гулдухтарони зиёд вақте либоси миллии арӯсиро мебинанд, мехоҳанд бо ҳамин либос ба хонаи бахташон раванд. Ин нишонаи зиёд шудани ҳисси ифтихори миллӣ ва фарҳангдӯстии ҷавонон мебошад." - иброз дошт ҳунарманд.

Қаҳрамони мо бар он бовар аст,к и ҳунари гулдӯзӣ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад, зеро мардуми зебопарасту фарҳангдӯст дар ҳама давру замон вуҷуд доранд. “Ҳунари дастӣ ҳамеша арзиши баланд дорад”-мегӯяд Дилором.

Ин бонуи ҳунарманд то имрӯз садҳо ҳунармандони ҷавонро ба воя расонида, барои ҳунарманд шудани ҷавонон ҳиссаи бузург гузоштааст. Дар баробари ин Дилором бо кӯмаки модараш Махфират Адҳамова китоби "Кашидадӯзӣ"-ро ба омода намуда, ба табъ расонидааст, ки барои ошиқони ин навъи ҳунар роҳнамои хубест.
Хизматҳои шоиставу шоёни Дилором Аҳмадова бо диплому сипоснома ва мукофотҳои зиёде

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД