arzon replenishment
Дилафрӯз Махкамова: Аз касби интихобкардаам пушаймон нестам
1654

Дилафрӯз Махкамова ягона зан дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, баробари мардон кору фаъолият дорад.

Касби интихобкардааш душвор ва хеле серташвиш аст. Чун вазифаи асосиаш наҷот додани одамон аз ҳодисаҳои нохуши фавқулода аст, бо дарки масъулияти зиёд аз ӯҳдааш мебарояд. Чун қабули зангҳои телефонӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои ғарқшавӣ, сафарбар намудани гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ва ҳуҷҷатгузории ғарқшудагону наҷотёфтагон ҳамма ба уҳдаи ӯст. Новобаста аз ин аз касби интихобкардааш пушаймон нест.

Дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд дар умум 14 нафар кору фаъолият мебаранд, ки ҳама мардонанд. Дилафрӯз ҳамчун сармутахассиси бахш ягона занест ки дар ин вазифаи пурмасъулият баробари мардон кор мекунад.

Ӯ ҳангоми расидани хабар оид ба ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ зуд суроғаро аниқ карда, бо огоҳ намудани дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса меравад.

Қаҳрамони мо нақл кард, ки солҳои охир ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ байни наврасон ва ҳолатҳои бо мақсади суйиқасд ба ҷони худ ба дарё партофтнани сокинон хеле зиёд шудааст. Ӯ баъди ба ҷойи ҳодиса рафтан то наҷот додани шахси ғарқшуда ва ё ин ки пайдо намудани ҷасад дар як ҳолати ногувор ва хеле ҳассос қарор мегирад.

Агар шахси ғарқшуда ноболиғ бошаду ҷасади беҷонашро аз об берун кунанд, бисёр рӯҳафтода мешавад. Чун худ зан - модар асту фарзанд дорад ва дарди волидайни ба ин ҳодисаҳо рӯбарӯшударо хуб дарк мекунад.    

Дар коргоҳ ҳамкоронаш Дилафрӯзро мисли хоҳар медонанд. Дар фаъолияти корӣ ӯро дастгирӣ мекунанд ва дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият ҳамеша кӯмаки худро дареғ намедоранд. Коллективи мардони ситод фахр мекунанд, ки зан модар, як бонуи кордон, дар сафи онҳост.

Фаъолияти кории қаҳрамони мо Дилафрӯз Махкамова дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз соли 2015 ба вазифаи муҳосиби ҳисоббарор оғоз шуд. Давоми беш аз 3 сол дар ҳамин вазифа кору фаъолият намуд.

Аз соли 2018 ӯ ба Раёсати КҲФ дар шаҳри Хуҷанд омад ва ҳоло дар вазифаи сармутахассис фаъолияти худро пеш бурда истодааст.

Ба қавли Дилафрӯз, дар муҳити оилавӣ низ ҳамсару фарзандонаш ӯро дастгирӣ мекунанд. Ҳоло ду нафар фарзанди калониаш идомадиҳандаи касби худаш буда, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият доранд.               

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД