Давоҳои халқӣ барои рафъи дилбеҳузурӣ ва аломатҳои дигари сарторикӣ дар занон
27.09.2025
Oila.tj
177

Салом! Ман ҷавонзани 24-сола ҳастам ва вақтҳои охир дилам тез-тез беҳузур шуда, хоҳиши қай кардан пайдо мешавад. Мо дар як ноҳияи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекунем ва имконияти тез-тез ба духтур рафтан надорем. Аз ҳамин хотир, ба шумо муроҷиат намудам, то ягон роҳи халосиро аз ин ҳолат ба ман тавсия диҳед.

Г. Н., аз Рашт

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Дилбеҳузурӣ бо чанд сабаб пайдо мешавад. Одам ғизои вайроншударо истеъмол намояд, меъда онро қабул кардан намехоҳад ва дар натиҷа дилбеҳузурӣ пайдо мешавад. Сабаби дуюмаш заҳролудшавӣ аст. Дар натиҷаи ношуста хӯрдани меваю сабзавот ба меъда ҳар хел микробҳо ворид мешаванд ва дар натиҷа заҳролудшавӣ ба миён омада, дили кас беҳузур мешавад ва қай мекунад. Дар занҳо дилбеҳузурӣ метавонад нишонаи ҳомиладорӣ бошад, бинобар ин, қабл аз ҳама ба духтури занона муроҷиат намоед. Ба ҳар сурат, ба шумо чанд давои одиро тавсия медиҳем, ки дилбеҳузуриро бартараф карда метавонанд.

Даво барои халосӣ аз аломатҳои сарторикӣ

Агар дилбеҳузурӣ бо сабаби ҳомиладорӣ ва сарторикӣ бошад, шумо метавонед 5 грамм бодранҷбӯя (мелиса) ва аз чор як қисми лимӯро дар зарфи 200 грамм оби ҷӯш дошта андохта, даҳони зарфро маҳкам кунед. Дар муддати 10 дақиқа даво тайёр мешавад. Онро рӯзе 2-3 маротиба кам-кам бинӯшед, дилбеҳузуриро манъ мекунад.

Даво аз бодиёни румӣ

Бодиёни румӣ (тмин)-ро кӯфта, рӯзе 3 маротиба 5 грамми онро бо каме об пеш аз истеъмол намудани ғизо бихӯранд, дилбеҳузуриро бартараф менамояд.

Сиёҳдона дилбеҳузуриро манъ мекунад

Сиёҳдонаро нарм кӯфта, ним қошуқчаи онро бо каме об бихӯранд, дилбеҳузурӣ аз байн меравад. Ин нусхаро бештар ба касоне тавсия медиҳем, ки дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ муддати зиёд азобашон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД