Formula novemver 2024
Дарди дили модаре, ки фарзанди маъюб дорад
1377


Турдиев Муҳаммадазиз сокини 17- солаи ҷамоати шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара буда, чашм надорад,бар замми ин, бинияш каҷ буда, бо бинӣ нафас кашида наметавонад.

Ба гуфти Оростахон Турдиева-модари Муҳаммадазиз нуқсони фарзандаш модарзодӣ буда, 17-сол боз нобино асту илова бар ин, бо биниаш тамоман нафас кашида наметавонад.
Дарди дили модар
“Ман модари чор фарзанд ҳастам ва Муҳаммадазиз нахустфарзандам мебошад.Вақте таваллуд шуд, чашмонаш кур ва бинияш маъюб буд. Духтурон гуфтанд, ки даруни чашмонаш низ холӣ аст, яъне себак ва гавҳараки чашм надорад. Пурсидем, ки ягон илоҷи табобат карданаш ҳаст ё не, гуфтанд, ки агар то 18 солагӣ зинда монад, бинияшро бо роҳи ҷарроҳии пластикӣ дуруст кардан мумкин аст, вале чашмонаш ягон роҳи табобат надорад”-қисса мекунад бо чашмони ашколуд ин модари зор.
Аз рӯйи нақли Оростанхон муддати 10-сол вай писари маъюбашро ҳар рӯз худаш ба мактаб-интернати шаҳри Исфараро бурда меоврад, то ки бесавод намонад.
“Гоҳ ба дарс мебурдам, гоҳ бо сабабҳои оилавӣ бурда наметавонистам. Хулоса 10 сол кам-кам дар интернат таҳсил кард.”
4-уми октябри соли 2022 Муҳаммадазиз 17- сола шуд. Модар мехоҳад бо роҳи ҷарроҳӣ бинии фарзандашро дуруст кунанд, то ки азобаш камтар шуда, писари оҷизаш ақаллан вақти нафаскашӣ азоб накашад.
“Чанд моҳ пеш писарамро ба назди духтурони вилояти Суғд бурдем. Гуфтанд, ки бояд Муҳаммадазизро ба шаҳри Душанбе барем ва мо ӯро ба “Сапран” ном беморхонаи пойтахт, ки табибони ҳиндӣ он ҷо кор мекардаанд, бурдем. Пас аз муоина гуфтанд, ки барқарор кардани биниии каҷи модарзодӣ кори осон нест ва чунин ҷарроҳиро танҳо дар Ҳиндустон мегузаронанд, вале арзишаш бисёр гарон аст. Шароити иқтисодии мо хеле вазнин аст ва имконияти пардохти пули ин ҷарроҳии қиматбаҳоро надорем”-оҳи сард кашида, нақл мекунад Оростахон Турдиева.
12,5 ҳазор доллари ИМА барои ҷарроҳӣ
Ба гуфти ин зан табибони беморхонаи “Сапран” ба ӯ гуфтаанд, ки арзиши ин ҷарроҳӣ дар худи Ҳиндустон 8, 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад,бар замми ин, боз камаш 4 ҳазор доллари дигар барои хароҷоти роҳ, хӯрду хӯрок ва дигар хароҷотҳо лозим мешавад.
“Он вақт писарам ҳам дар наздам буд ва бисёр рӯҳафтода шуд, ки дар мо ин гуна шароити ҷарроҳӣ нест. Аммо худро устувор дошта гуфт: Модарҷон, шумо зиқ нашавед, ман дар ин дунё кӯр ва маъюб бошам ҳам, дар он дунё худованд аввал дарвозаҳои биҳиштро ба рӯи мо мекушояд. Шумо ғамгин нашавед, ман барои худам зиқ намешавам, агар шуморо ранҷур эҳсос кунам, баъд зиқ мешавам”-қисса мекунад модар ва меафзояд:
-Бо вуҷуди нобино будан ва чаҳраи ба чашми баъзеҳо “зишт” доштан табиатан писарам дурандеш ва меҳрубон.
Муҳаммадазиз ҳамеша радио гӯш мекунад ва тамоми ровиёнро аз овозашон мешиносад. Ба ҳамин васила аз навгониҳои кишвар бохабар мешавад. Шеърҳои зиёдеро тариқи радио аз худ кардааст ва ҳар нафаре, ки аёдаташ равад, бо суханони ҳикматомез ва шеърҳои баландмазмун пешвоз мегирад.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД