Дар Варзоб 2 мактаби замонавӣ ва чандин синфхонаҳои нави таълимӣ бунёд мегарданд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ сохта шуда, бунёди чандин биноҳои нави таълимии дигар босуръат идома дорад. Аз ҷумла дар деҳаи Шодоби Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бинои замонавии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 бунёд ёфтааст, ки дорои 16 синфхона ва 1005 ҷойи нишаст буда, дар он хонандагон дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва саҳми сокинону соҳибкорони ноҳия дар деҳаи Калони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона ва 480 ҷойи нишаст аст, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Тавре ки муовини Раиси ноҳияи Варзоб Марҳабо Абдуллозода зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, мактабҳои нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд.
Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар ноҳияи Варзоб бомаром идома дорад. Аз ҷумла дар деҳаи Сементзавод-2 даҳ синфхона барои 480 хонанда дар ду баст, дар деҳаи Работ 12 синфхона барои 560 хонанда дар ду баст ва дар деҳаи Дашти Ринҷон 11 синфхона барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гашта, ҳамчунин сохтмони ҳашт синфхона барои 280 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45, шонздаҳ синфхона барои 800 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ва 4 синфхонаи иловагӣ барои 200 нафар дар назди Гимназияи давлатии №1 дар назар аст.