Дар Тоҷикистон зиёда аз 280 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд
04.02.2026
Фирӯза
22

Дар Тоҷикистон зиёда аз 280 ҳазор
ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд
Дар соли 2025 дар Тоҷикистон ҳудуди 280 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дода гуфт:
Аз 280 ҳазор ҷойҳои кории дар соли 2025 таъсис ёфта чаҳорякашон ҷойҳои кории доимӣ буда, қисмати боқимонда ҷойҳои кории аз нав барқароргашта, ба таври иловагӣ ба истифода додашуда ва мавсимӣ мебошанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳ Холмаҳамадзода таъкид кард, ки қисми зиёди ҷойҳои корӣ аз ҳисоби дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ дар байни бекорон таъсис ёфтаанд. Барои рушди истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ ба онҳо кӯмаки молиявӣ расонида шуда, дар натиҷа садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд, ки ба ҳалли мушкили бекорӣ мусоидат менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД