Commerc banl
Дар Тоҷикистон се муассисаи нави давлатӣ таъсис дода шуд
10.03.2026
Oila.tj
26

Имрӯз, 10-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати кишварро дар бораи таъсиси як қатор муассисаҳои нави давлатӣ ба имзо расониданд.

Тибқи ин қарорҳо, дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» таъсис дода шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, таъсиси ин муассисаҳои таълимӣ метавонад нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» арзёбӣ шавад. Ин қатънома 25-уми июли соли 2025 бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД