Дар Тоҷикистон Донишкадаи
зеҳни сунъӣ таъсис меёбад
Дар Тоҷикистон Донишкадаи зеҳни сунъӣ, Академияи сайёҳӣ ва Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон таъсис дода мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти мамлкат хабар додааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ, дирӯз, 10-уми март президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои ҳукумати кишварро дар бораи таъсиси Донишкадаи зеҳни сунъӣ, Академияи сайёҳӣ ва Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон дар ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро имзо намудааст.
Ҳадаф аз таъсиси муассисаҳои нави таълимӣ омода намудани мутахассисони соҳибихтисос дар бахши сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия мебошад.