Gazprom july 2025
Дар Тоҷикистон дар зиёда аз 21 ҳазор гектар замин чигит кишт карда шуд
76

Дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҷамъоварии пахта идома дорад. Имсол кишоварзони мамлакат бо истифода аз тамоми имконот дар 182 ҳазору 466 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки ба 97,6 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Беш аз 21 ҳазор гектари чигит бо усули обёрии зери плёнка кишт карда шудааст.

Соли 2024 аз 175 ҳазор гектар кишти пунбадона кишоварзон 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Тибқи таҳлилҳо, ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад. Омили кам гардидани ҳосил дар соли 2024 боронҳои пай дар пайи моҳҳои март ва нимаи май будаанд, ки бинобар он кишти пунбадона тӯл кашидааст. Яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ кишти пахта то 65 рӯз идома ёфт.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии пахта минбаъд дар Тоҷикистон чигит бо истифода аз технологияи муосир кишт карда мешавад. Соли равон ба ҷумҳурӣ 125 техникаи тухмипошаки зери плёнка ворид гардидааст, ки ба осон ва беҳтар намудани кори деҳқонон мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД