formula
Дар Тоҷикистон боз замин ҷумбид
772
Дар қаламрави кишвар заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қувваи он ба чор балл баробар мебошад.
 
Дар ин бора дафтари матуботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст.
 
Тавре манбаъ хабар додааст, зилзилаи навбатӣ субҳи  имрӯз, 18 марти соли ҷорӣ, соати 05:01 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст, ки қувваи заминларза дар марказ 3-4 балл буда, дар шаҳри Душанбе шиддати он 2 дараҷаро ташкил додааст.
КҲФ мегӯяд, ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт.
 
Зилзилаи пай дар пай дар чанд ҳафтаи ахир дар қаламрави Тоҷикистон рух дода, шиллати зиёд доштаи он рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод, ки 7.3 баллро ташкил дод.

 

 
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД