Sebiston new 2024 october
Дар Суғд коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолӣ бунёд мешавад
1531

 

Дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба бунёди коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки "Апрелевка" санги асос гузошта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, коргоҳи мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории корхонаи "Апрелевка" ва ҶСК «Технологияи коркард» якҷо бо ширкати илмӣ ва истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Россия сохта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар вилоят саноати кӯҳӣ-металлургӣ рушд карда, воридсозии таҷҳизоти замонавӣ имкон медиҳад, ки партовҳои истеҳсолӣ низ коркард карда шаванд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи навбунёд коркарди то 100 тонна партов дар як соат буда, дар оянда он то ба 150-200 тонна расонида хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар коргоҳ то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд.

Бояд қайд намуд, ки «Апрелевка» аз корхонаҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият мебарад. Айни замон дар ин корхона наздики 1000 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ва маоши хуб фаро гирифта шуда, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона зиёд мегардад.

Давоми соли 2023 корхонаи мазкур ба маблағи умумии 212,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудааст, ки назар ба соли қаблӣ бештар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД