Ман Мавлуда, сокини маҳаллаи “Саховат”-и пойтахт ҳастам. Дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсидан мехоҳам. Аввалан хонандагони “Оила”-ро бо омадани соли нав табрику муборакбод мегӯям. Баъдан мехоҳам сарнавишти пурдарди хешро рӯи авроқи сафед рангрезӣ намоям.
Дар ҳамсоягии мо Зебо ном зани шаттоҳе зиндагӣ мекунад. Аввалҳо рӯйи ин занро бинам, авзоам беҷо мешуд, вале хотири ҳамсоягӣ саломашро алейк мегирифтам. Биё нагӯям ҳам, ин зан мудом бо ягон баҳона дари маро кӯфта, меҳмони нохонда мешуд ва аз як сар ҳамсояҳоро ғайбат карда мебаромад. Ман ҳаргиз гапҳои ӯро об намедодам, вале рафта-рафта, ба сафсаттахониҳояш одат кардам. Ҳамин тавр, ману Зебо дугона шудем. Мабодо ба бозор ё меҳмонӣ рафтанӣ шавам, калиди хонаамро ба дасти ин зан медодам, то ки шавҳару бачаҳоям аз кору дарс омада, дар кӯча намонанд, вале...
Чанд рӯз пеш холаам тӯй дошт ва мани сода боз калидро ба дугонаам додаму ҳамроҳи бачаҳоям ба деҳа рафтам. Базм бошукӯҳ гузашта бошад ҳам, таги дилам ким-чӣ хел сиёҳӣ оварда, аз сар задани ягон нохушӣ дарак медод. Баробари ба хона баргаштан ба назарам чунин намуд, ки касе ҳама ҷоро кофтукоб кардааст. Дилам таҳ кашид ва саросемавор дари сейфро кушодам. Аз пули барои рӯзи мабодо захира кардаи шавҳарам ному нишон набуд. Аввал хаёл кардам, ки дар набудани ман шавҳарам пулро гирифтааст, вале вақте бегоҳ дар ин бора даҳон кушодам, мардакам ба ғазаб омада гуфт: «Занак, ту мабодо девона-ку нашудаӣ, охир ман пулҳоямро ҳар моҳ тин ба тин ба дастат месупорам, сарам задагӣ нест, ки маблағи барои рӯзи мабодо ҷамъкардаамро бигирам!»
Гиря карда, аз гум шудани пул ҳамсарамро хабардор кардам. Ман чанд маротиба дар назди Зебо дари сейфро кушода, пул гирифта будам, бар замми ин, чанд рӯзи дар деҳа буданам калиди хона дар дасти ин зан буд. Ҳамроҳи шавҳарам ба хонаиЗебо рафтем, то куҷо ғайб задани пулҳоро бипурсем, аммо дузди зӯр соҳиби молро мебандад гуфтагӣ барин, ҳамсоязани шаттоҳ қиёматро қоим карда, таҳдид кард, ки моро ба суд медиҳад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дугонаи худозадаам бар замми дуздиаш маро тӯҳмат карда, ба шавҳарам гуфт, ки занат худаш пулро ба ягон кавалераш додааст. Мардакам ба гапҳои ин зани шаттоҳ бовар карда, маро мурданавор лату кӯб кард.
Бовар кунед, як ҳафта шуд, ки як луқма нони мехӯрдаам дар баданам заҳр шуда истодааст. Шавҳарам ду пояшро ба як мӯза андохта мегӯяд, ки пулҳои маро ба кадом “буққа” дода бошӣ, ба хубӣ дубора баргардон, набошад саратро қоқ метарошам ва дуздию фоҳишагиатро дар ҳама ҷо овоза карда, шармандаат мекунам. Ман дар умрам ғарию дуздӣ накардаам, вале бегуноҳиамро бо ягон роҳ исбот карда натавониста истодаам. Шавҳарам ба тӯҳмати ҳамон Зебои шаттоҳи худозада бовар кардааст ва “сирри дили дугонаро дугона медонад, агар ту ягон бало намедоштӣ, ин занак чунин намегуфт” гӯён, ҷонамро ба лаб оварда истодааст, ки пулҳоро чӣ хеле, ки нест кардӣ, ҳамон тавр ёфта мебиёрӣ. Ман як зани бесаводи хонашин ҳастам, аз куҷо понздаҳ ҳазор сомонӣ ёфта, ба шавҳарам диҳам?!
Падару бародаронам бисёр бадҷаҳл ҳастанд, агар шавҳарам ба онҳо гӯяд, ки духтаратон кавалербозӣ карда, пулҳои маро ба ким- кадом ошиқаш додааст, маро зинда намемонанд. Илтимос, ба мани тӯҳматзада маслиҳат диҳед, чӣ хел бегуноҳиамро исбот намоям?
М, аз маҳаллаи Саховати ш. Душанбе