Arzon march 2024
Дар соли 2023 дар оилаи ҳунармандони машҳур чӣ ҳодисаҳои фараҳбахш рӯй доданд
585
no-img

 

Ба фарорасии соли нави мелодӣ рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд ва аллакай соли кӯҳан борхалтаашро ҷамъ карда, оҳанги рафтан дорад.

Соле, ки моро падруд мегӯяд, аз рӯйи тақвими шарқӣ “Соли Харгӯш” буд. Ин сол дар ҳаёти ситораҳои тоҷик бо кадом рӯйдод ва ҳодисаҳои фараҳбахшаш боқӣ мемонад?

Мехоҳед донед, ки дар соли 2023 дар ҳаёти шахсиятҳои намоёни кишвари мо чӣ воқеаҳои хурсандиовар рӯй доданд? Пас, бо мо бошед!

Садриддини Наҷмиддин

духтарашро ба шавҳар дод

Соли 2023 дар ҳаёти ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин соли фаромӯшнашаванда хоҳад гашт. Ин ҳунарманди машҳур, ки тайи чанд соли охир дар Канада кору зиндагӣ мекунад, имсол духтари калониашро ба шавҳар дода, соҳиби домод гашт. Тӯйи арӯсии духтари Садриддини Наҷмиддин-Манижабонуи нозанин рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди ҷумҳурии ҳамсоя-Ӯзбекистон дар тарабхонаи машҳури “Шоҳсарой” баргузор гашта, дар он садҳо нафар меҳмонони олиқадр, аз ҷумла ситораҳои дурахшони Шарқ иштирок доштанд.

Абдурозиқ ҳоҷӣ шуд

Барои овозхон ва блогери машҳури тоҷик Абдурозиқ Эгамов низ соли 2023 соли фаромӯшнашаванда хоҳад гашт, зеро дар ин сол ба яке аз орзуҳои наҷиб ва бузургаш расид. Абдурозиқ, ки дар як муддати кӯтоҳ шӯҳраташ марзҳоро убур намуда, қариб дар тамоми ҷаҳон маъруф гашт, дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда, гоҳ дар Дубай ва гоҳе дар Ҳиндустон аст. Ин ҷавони хурдҷусса, вале боистеъдоди тоҷик дар кишварҳои Аврупо низ шӯҳрат пайдо карда, мухлисони зиёде дорад. Абдурозиқ соли 2023 ба яке аз орзуҳои наҷибаш расида, ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф гашт. Хабари ҳаҷ карда, ҳоҷӣ шуданашро худи Абдурозиқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, аксҳояшро аз ҳаҷҷи умра нашр карда буд. Ёдрас мешавем, ки Абдурозиқ зодаи як деҳаи дурдасти Панҷакенти бостонӣ аст, вале тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар сар то сари ҷаҳон машҳур гардад.

Сурайё Қосимова бемориро мағлуб намуд

Барои аҳли оилаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, бонуи булбуловоз Сурайё Қосимова низ имсол соли бобарор ва фаромӯшнашаванда аст. Примадоннаи санъати эстрадаи тоҷик дар соли 2023 ба бемории хеле сахте гирифтор шуда, ба қавли маъруф пайвандонашро сахт тарсонд. Духтаронаш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, ки бо роҳи модар қадам гузошта, шӯҳрати зиёде доранд, Сурайё Қосимоваро барои табобат ба хориҷи кишвар бурданд. Ба иттилои пайвандонаш ҳунарманди машҳури тоҷик -Сурайё Қосимова дар беморхонаи “Apollohospitaldelhi”-и шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, ки бештар беморони қалбро табобат мекунад, бистарӣ шуда буд.Хушбахтона ин зани қавиирода тавонист бемориро мағлуб намуда, сиҳату саломат ба Ватан баргардад.

Сабринаи Назрӣ писардор шуд

Яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу ҳунари тоҷик, маликаи зебои инстаграм Сабринаи Назрӣ дар соли харгӯш хушбахттарин зани дунё гашт. Барои Сабринабонуи нозанин соли 2023 соли махсус аст, зеро дар ин соли хушпай соҳиби шоҳписари нозанин гашт. Аҷибиаш дар он аст, ки Сабрина маҳз дар рӯзи зодрӯзи ҳамсараш Абдулло-5-уми декабр писар таваллуд карда, сари марди дӯстдоштаашро ба осмон расонд. Ёдрас мешавем, ки маликаи инстаграм Сабринаи Назрӣ соли 2020 бо Абдулло Шарипов оиладор шуда, тӯйи ин ду чеҳраи намоён дар тарабхонаи “Яккасарой” баргузор гашта буд.

Сабрина ва Абдулло соҳиби як духтарчаи фатиламӯй бо номи Карашма буданд ва дар арафаи соли нав писардор шуда, оилаи худро боз ҳам мустаҳкамтар гардониданд.

Қобилҷони Зариф соҳиби домод шуд

Дӯсти аз ҳама қадрдони ҳафтаномаи “Оила” Қобилҷони Зариф имсол духтари ягонааш Кимиёбонуро ба шавҳар дода, соҳиби домод шуд. Ин ҳунарманди асил бо муҳаббати бепоёни падарона гулдухтари нозанинашро ба хонаи бахташ гусел намуда, наворҳои тӯйи арӯсии фарзандашро дар як клип-таронааш, ки “Арӯсӣ”ном дорад, истифода бурдааст. Дар клип дида мешавад, ки чӣ тавр устод Қобилҷони Зариф аз пешонии арӯсе бо меҳр бӯса карда, ба ӯ дуои нек медиҳад.

Писари Қобилҷони Зариф-Комилҷон дар суҳбат бо хабарнигори “Оила” гуфт, ки ин наворҳо аз тӯйи худашон бардошта шудаанд ва Қобилҷони Зариф духтарашро бо обрӯ ба хонаи бахташ гусел кард.

Қобилҷони Зариф аз зумраи он ҳунармандони ангуштшумори тоҷик аст, ки шуҳрати зиёде дошта бошад ҳам, хоксорӣ пеша намудааст. Ин ҳунарманди асил тез-тез меҳмони ҳафтаномаи “Оила” гашта, қариб дар тамоми маҳфилҳо ширкат меварзад.

Муқимҷон бобо шуд

Барои ҳаҷвнигори машҳури тоҷик, роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” Муқимҷон Абдуфаттоев низ соли 2023 бисёр соли бобарор буд. Ин ҳунарманди машҳур соҳиби боз як набераи дӯстрӯяк гашта, бори дигар бобо шуд. Тавре ки худи Муқимҷон дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, рӯзе, ки наберааш ба дунё омад, мисли ҳамеша дар тӯй буд ва пайғоми тавлиди меҳмони навро дар хонааш ҳамсараш тариқи телефон ба ӯ расонидааст.

Ин тифлаки некқадам набераи сеюми Муқимҷон Абдуфаттоев ва духтари писари дуюмаш Абдуҳаким мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД