Arzon march 2024
ДАР ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ “ОИЛА” МУТОЛИА НАМОЕД!
5000

 

 

...Худи ҳамон бегоҳ Насиба дар як чойникчаи хурде ба хушдоманаш чой оварда, дид, ки кампир намози шом хонда истодааст. Чойникро дар назди ҷойнамоз гузошту худаш аз дар баромад. Чанд дақиқа аз байн гузашт, ки модари Насиба аз дар даромада, дид, ки дугонааш намоз хонда истода аст. Рӯи кӯрпача нишаста, ба хушдомани духтараш гуфт:

-Ман намозамро хонда, ба назди ту омадам, лекин хело ташна модаам, аз чоят менӯшам, дугонаҷон, майлаш?...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 7-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 17-уми феврали соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Шоабдураҳмон Муҳаммадиев: Некии падар ба

сарамон бало овард

...-Падарам ҳавлиамонро ба гарав гузошта, аз бонк 65 ҳазор сӯм қарз гирифта, ба Абдуҷаббор Эргашев дода буд. Аз ин маблағ мо ҳатто як тинашро на дидаем ва на хӯрдаем, вале маҷбур шудем барои пуле, ки дар асл каси дигар, яъне Эргашев сарф кардааст, дар ин муддат қариб 12 ҳазор доллар фоизи қарзро ба бонк пардохт намоем. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, акнун бонк бар ивази қарз манзиламонро кашида гирифтан мехоҳад...

Парвин Юсуфӣ гирифтори саратон аст?

...Сахт бемор шудам. Дар аввал духтурон чизе нагуфтанд, аммо дарк кардам, ки бемориам ҷиддӣ аст. Ҳеҷ бовар карда наметавонистам, ки бемор шудаам. Вақте бемориам ошкор шуд, ба ман лозим омад, ки тамоми қувваамро ҷамъ карда, барои зинда мондан талош кунам, ҳарчанд ин осон набуд. Мурдан намехостам, зеро зиёд корҳои нотамом доштам. Инчунин, фарзандонамро оиладор кардану набераҳоямро дидан мехостам...

Зан узвҳои мардонаи ошиқашро бурид

...Додгоҳи ноҳиявӣ ба зани 36-солаи маҳаллӣ, ки дар буридани мояҳои дӯстдоштааш айбдор мешавад, як чораи пешгирикунанда дар шакли ҳабс содир кард. Тибқи тафтишот, рашк сабаби ҷиноят шудааст. Зан ба телефони марди худ дастрасӣ пайдо карда, мукотиботро бо хоҳараш хондааст. Дар он ҷабрдида дар бораи як ҷавондухтаре бо шавқ сухан мегуфт. Ғайр аз ин, судшаванда дар телефони марди худ аксҳои духтарони дигарро ёфт...

Моҳпайкар Ёрова: Мехоҳам нақши Маликаро иҷро кунам...

...-Аввал ин ки вақте ҷавонҳо муроҷиат мекунанд, талошу кӯшишашонро дида, дилам намешавад, ки онҳоро ранҷонам, бинобар ин, розӣ мешавам. Мехоҳам дар рушду камоли онҳо саҳмгузор бошам. Дигар ин ки зиндагӣ маҷбур мекунад, ки дар чунин филмҳо ҳам нақш бозам, зеро барои ман ҳам маблағ зарур аст...

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД