Sebiston new 2024 october
ДАР ШУМОРАИ НАВБАТИИ ҲАФТАНОМАИ “ОИЛА” МУТОЛИА НАМОЕД
2475

 

...Саттору Ҷамила ғайр аз ду писар, дигар соҳиби фарзанд нашуданд. Писари калонии онҳо ба Русия рафту дигар барнагашт ва то ҳол аз ӯ хату хабаре нест. Писари хурдиашон, ки усто буд, рӯзе ҳангоми кор аз баландӣ афтида, баъди як моҳи табобат дар бемористон ҷон дод. Ғами фарзанд Сатторро дилкасал кард. Ҷамилаи шаҳрӣ бошад, шавҳари беморашро ба ҳоли худаш гузошту ба хонаи бародараш баргашт...

Нигина Амонқулова ҷарроҳии пластикӣ мекунад?

...Бону Амонқулова илова кард, ки барои зебову ҷавон мондан пайваста ба варзиш машғул аст ва хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол мекунад. Ӯ аз камтарин овозхонҳои тоҷик аст, ки аз хизматрасониҳои муосири зебоӣ, аз қабили калон кардани лабҳо ва ҷарроҳии рӯю бинӣ истифода набурдааст. Ин бори аввал нест, ки вирди номи Нигина Амонқулова дар мавриди дигаргун кардани чеҳрааш овозаҳо паҳн мешаванд. Қаблан низ расонаҳо навишта буданд, ки овозхон ороиши рӯю мӯйи худро ба Майкл Ҷексон монанд кардан мехоҳад...

Чаро зан аз мард мегурезад?

...Аслан, ин тоифаи бонувон аз ишқбозӣ лаззате намебардоранд, сард ҳастанду дили бераҳм доранд ва аз даврони ҷавонӣ чӣ хостанашро аз зиндагӣ медонанд. Шавҳарро ин тоифа аз рӯи дороияш ё мансаби баландаш интихоб менамоянд. Пул ва шӯҳрат зану шавҳарро ба як қулла мебардоранд. Чунин бонувон моҳирона хоҳиши ишқбозиро дар вуҷуди мард бедор месозанд. Ҳарчанд худашон заррае майли ишқбозӣ надошта бошанд ҳам, сир бой намедиҳанд...

Парвози дуо

...Бисту ҳашт сол доштам, ки рӯймоли бевагӣ ба сар кардам, ҳоле ман доштам, худам медонистаму Худои таоло. Шабу рӯз мегиристам, писараконам мисли чӯҷаҳои паршикаста дар наздам менишастанду бо панҷаҳои нозукашон ашкҳоямро аз бари рӯям мерӯфтанд, кӯдакона тасаллоям медоданд. Дар се соли ҳамроҳи шавҳарам дар ба дари беморхонаҳо гаштанам шоҳиди азобҳои ӯ будам ва чашмҳои зебои маҳзунаш ҳеҷ гоҳ аз пеши назарам дур намешуданд. Фарҳод ҷавонмарди болобаланди зебое буду чӣ қадар зиндагӣ кардан мехост...

Моҳи навро дида, дуо кардан ҷоиз аст?

Ҳангоми дидани моҳи нав занон ба сӯяш даст бардошта, дуо мекунанд, ки кору дигар ниёзҳояшон бобарор анҷом ёбад. Оё ин амали онҳо аз нигоҳи Ислом ҷоиз аст ё хурофотпарастӣ маҳсуб меёбад? Муҳаммадюсуф, хонандаи ҳафтанома аз ш. Норак.

 

Куштори бераҳмонаи хонандаи синфи 1 дар Душанбе

...“Зани амакам дар назди хона, ки мағоза доранд, савдо мекард. Ҳамон рӯз Аҳмадҷонро вақте аз мактаб бармегашт, даъват мекунад. Ӯ давида ба назди зан мераваду дар як лаҳза ӯ кӯдакро ба дарун кашола карда медарорад, ин ҳама дар камераи мушоҳидавӣ ҳаст”,-мегӯяд зан. “Амакам, ки ин вақт дар бозор будааст, ба хона меояд ва дари мағозаву хонаро баста дида, ба таҳлука меафтад”,-меафзояд ӯ...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 10-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 10-уми марти соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД