Arzon march 2024
Дар шумораи 47-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
397

Рӯъё Усмонӣ ё Суман Қосимзода як ҷавондухтари тоҷик аст, ки бо истеъдоди беназир ва меҳнати пайваста дар ду соҳаи муҳим – омӯзгорӣ ва адабиёт шӯҳрати зиёде ба даст овардааст. Ӯ намунаи барҷастаи шахсест, ки бо заҳмати бепоён ва иродаи қавӣ аз як гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон қуллаҳои эҷодӣ ва касбиро фатҳ намудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Журналист шудани зан айб аст?”, “Ошиқамро санҷиданӣ шуда, ба сарам бало овардам” ва “Хостгорҳоро рад кунам?” дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Шавҳарам зани ҷӯраашро гирифт” зиндагиномаи занест, ки шавҳараш аз ӯ пинҳонӣ бо завҷаи дӯсти наздикаш издивоҷ мекунад. Хиёнати шавҳар ва дугонаву нону намакхӯри хонадон барои қаҳрамони қисса зарбаи сахте мегардад, ки зиндагии минбаъдаашро ба куллӣ тағйир медиҳад.

“Ишқи тақдирсӯзи “модел” чунин унвон дорад қиссаи як оилаи тоҷик, ки баъди тавлиди фарзанд зан барои худ вақт намеёбаду фарбеҳ мешавад ва шавҳар ба зебосанами дигаре ошиқ мешавад. Мард тарки зану фарзандонаш мекунад, вале дар умқи дил умедвор аст, ки ҳар вақте хоҳад, боз ба оилаи худ бармегардад. Мутаасифона, вақте мард аз кардаи худ пушаймону муфлис гашта, ба хона меояд, дар рӯи мизи манзилаш танҳо як нома пайдо мекунаду халос.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи блогер ва омӯзгори забони англисӣ Абубакр Олимов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Пешгирӣ ва табобати ҷоғар” ва “8 усули бақувват сохтани мӯй” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳиба бо Нилуфари Сарбоз манзури хонандагон мегардад. Ин суҳбат дар бораи на танҳо ҳунар ва эҷодкорӣ, балки дар бораи зиндагӣ, ҳадаф ва рисолати инсонӣ меравад. Дар саҳифаҳои он, хонандагон на танҳо ҷавобҳои Нилуфарро мешунаванд, балки бо як инсоне шинос мешаванд, ки бо самимият ва меҳрубонӣ аз ҷомеа ва ҳадафҳои зиндагии худ ҳимоят мекунад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “Мутолиаи Қуръон дар вақти ҳайз”, “Валадуззино ба дӯзах меравад?”, “Иртибот бо ҳамсояи ғайримусулмон”, “Сулфа намозро мебурад” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Хоб бинӣ, ки либосатро дуздидаанд...” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД