sebiston july new
Дар шумораи 34-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
848

“Кӣ бояд оштӣ шавад: арӯс ё модаршӯй?”. Чунин аст сарлавҳаи саволе, ки аз ҷониби хонандаи ҳафтанома ба идора ирсол гардидааст.

Мутаассифона, мавзӯи мазкур доғи рӯз буда, моҷарои келину хушдоман аксаран сабаби халалдор гаштани оромии хонадон ва вайроншавии оилаҳо мегардад. Ба саволи хонанда дар мавриди он ки келин бояд аз хушдоман бахшиш пурсад ё баръакс, нуқтаи назари чанд нафарро мутолиа намоед.

“Зиндагӣ бо умеду орзу зебост”. Чунин унвон дорад суҳбати қаҳрамони рубрикаи “Иродаи зан” Ёсуман Шокирова, ҳунарманди ансамбли бонувони “Чаман”-и Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи санъат мегузорад.

Қиссаи “Сеталоқаи муштзӯр” аз зиндагиномаи зане навишта шудааст, ки ба марде бовар карда, дар ғарибӣ бо ӯ издивоҷ мекунад ва тамоми маблағи ёфтаашро ба дасташ медиҳад, вале баъди ба Ватан омадан, шавҳараш боз ба назди зану якумаш баргашта, зиндагиро бо зани сеталоқааш давом медиҳад.

“Кош зан намегирифтам”. Чунин унвон дорад қиссае, ки дар саҳифаи чоруми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қиссаи мазкур дардномаи мардест, ки бори аввал духтари дӯстдоштаашро ба занӣ мегирад, вале бо дахолати волидони ҳамсараш оилавайрон шуда, дуюмбора зан мегирад. Зани дуюм дар рафтору кирдор комилан аз зани якумаш фарқ кунад ҳам, мард кӯшиш мекунад зиндагиашро аз вайроншавӣ нигоҳ дорад.

“Зиндагӣ баъд аз марг” сарнавишти ятимдухтарест, ки дар зиндагӣ дучори шикастҳои зиёде мегардад, вале тақдир дар охири умр ӯро аз гирдоби яъсу ноумедӣ раҳо мебахшад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии ҳунарманди ҷавону боистеъдод Муҳаммад Раҳмонов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Рақс дунёи ман буд” бо раққосаи маъруф ва пуркор Олмахон Алиева оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву фаъолияташ мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “1 вируси модару 101 бемории тифл” ва “4 сабаби рехтани мӯй дар тобистон” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома таҳти унвони “Оё зани беваро гирам?”, “Бо шавҳарам аз нав никоҳ бандам?”, Бо шунидани азон чӣ бояд кард?”, “Кӯдаки норасидро чӣ тавр гӯр мекунанд?”, “Дар сафар суннат хонам?” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Садама дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагон таҳти унвони “Келини ҳамсояро бо шавҳараш оштӣ додаму...”, “Шавҳарам дилсиёҳ аст” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД