Дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 3400 муҳоҷир аз фурудгоҳҳои Федератсияи Русия ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд ва сабаб дар дуруст набудани ҳуҷҷат ва бе даъватнома рафтани онҳо мебошад.
Дар ин бора Назарзода Ҳабибулло Тоир, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ қайд кард.
Гуфта шуд, ки дар нимаи аввали соли 2024 ба 1 миллиону 667 900 мусофирон хизмат расонида шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 800 нафар кам мебошад.