Commerc banl
Дар шаҳри Душанбе фестивали «Чодари хаёл» баргузор мегардад
10.03.2026
Oila.tj
60

Дар назар аст, ки моҳи октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чодари хаёл» баргузор гардад.

Гуфта мешавад, ки дар фестивали мазкур театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард.

Тавре дастандаркорони Фестивал иброз медоранд, ҳадаф аз баргузории фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД