Дар шаҳри Душанбе 1000 арча шинонданд
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Низоми Ганҷавии ноҳияи Сино, хиёбони Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳраки 61-и ноҳияи Фирдавсӣ зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи ташаббуси «400-рӯзи ташаббускорӣ-иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолӣ» ва иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт баргузор шуда, дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи марказӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб фаъолона иштирок намуданд.
Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар фасли зимистону баҳор ба хотири Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 ба роҳ монда мешавад.