Хоҳиши зани бефарзанд дар арафаи иди Рамазон
Латофат Пардаева сокини шаҳри Душанбе буда, ҳаёти душвор ва пурмоҷароеро аз сар гузаронидааст. Фарзанд ва хонаву дар надорад. Ба хотири пул ҷамъ карда, хона харидан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ҳатто сагбонӣ мекардааст, вале аз рӯйи гуфтаҳои худаш, вай беш аз 20 сол дар мулки рус заҳмат кашида бошад ҳам, соҳиби ягон чиз нагаштааст. Дар Русия ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гашта, маъюб шудааст, болои ин чашмонаш низ хираю камбин гашта, дигар кор карда наметавонад.
Ин зани бе фарзанд бо умед дар арафаи иди саиди Фитр муроҷиат намудааст, то шахсони хайрхоҳ ба ӯ дасти ёрӣ дароз намоянд.