Филиали "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон хабар дод, ки баландии барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба 15 сантиметр расидааст.
- Вобаста ба ҳолати зикршуда бетаъхир тадбирандешӣ шуда, кормандони мо роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳоло низ боридани барф идома дошта, сарфи назар аз ин, роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.