formula
Дар партовгоҳҳои Душанбе 50 камераи назоратӣ насб карданд
196


Бо мақсади устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба партов дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ бо ташаббуси Кумита дар шаҳри Душанбе Марказӣ минтақавӣ оид ба идоракунандаи партовҳо таъсис дода шуд.

Шерализода Баҳодур, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза вобаста ба камераҳои назоратӣ дар нуқтаҳои партовҳои шаҳри Душанбе изҳори назар намуда, қайд карданд, ки айни замон дар се ноҳияи шаҳри Душанбе- И. Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансур дар нуқтаи партовҳо зиёда аз 50 адад камераҳои назоратӣ насб гардида, барои назроати камераҳо утоқи махсус ташкил карда шудааст, ки ба хотири ба танзим даровардани ҳолатҳои қунуншиканӣ ва пешгирӣ дар ҷойҳои ғайрирасмӣ партофтани партовҳои сахти маишӣ аз тарафи аҳолӣ мебошад.

Дар сатҳи кишвар зиёда аз 80 нуқтаи партов вуҷуд дорад. Дар соли 2023 танҳо аз тарафи кумита 5550 қунуншиканӣ ба қайд гирифта
шудааст.

Бо мақсади устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба партов дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ бо ташаббуси Кумита дар шаҳри Душанбе Марказӣ минтақавӣ оид ба идоракунандаи партовҳо таъсис дода шуд.

Кумитаи муҳити зист барои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва пешгирӣ ва кам кардани қунуншиканӣ дар самти муҳити зист, аз ҷумла партовҳо телефонҳои бовариро таъмин кардааст.

Шаҳрвандон метавонанд ҳам занг зананд ва ҳам тариқи Телеграм ва Вотсапи +992-777-162-275 муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД