Дар Панҷакент аввалин маротиба чанд ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд
04.11.2025
Oila.tj
209

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафарбар гардида, дар шуъбаи эндоҷарроҳӣ-реконструктивӣ ва пластикии Беморхонаи марказии он ба панҷ нафар бемори сокини шаҳри мазкур якчанд амалҳои нави ҷарроҳиро, ки дар минтақа аввалин маротиба мебошанд бомуваффақият гузаронидаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи ин иқдом аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва дар ҳамкорӣ бо табибони маҳаллӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморон амалҳои бартараф намудани чурраҳои девори пеши шикам, чурраҳои қадкашак бо гузоштани тури синтетикӣ-композитикӣ ва экстирпатсияи бачадон бо тарзи лапароскопӣ анҷом дода шудаанд.

Тавре масъулини Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент иттилоъ додаанд, қаблан гирифторони чунин бемориҳо дар шаҳри мазкур ба таври анъанавӣ, яъне кушода ва бо тариқи буриши ҷисми бемор ҷарроҳӣ мешуданд, ки ин ҳолат муҳлати табобат ва барқароршавии саломатии беморонро зиёд мегардонид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД